ҚАРЗ БАРОИ ХАРИДИ НАҚЛИЁТ

Маҳсулоти мазкур барои ҳамаи кормандоне, ки дар муассисаҳои давлатӣ ё хусусӣ кору фаъолият менамоянд ва инчунин ба соҳибкорони хурду миёна (барои истифодаи шахсӣ) пешбинӣ шудааст.

Барои гирифтани маълумоти мушаххас оиди тарофаҳои бонкӣ аз ҷадвали зерин истифода баред: тарофаҳо

Маблағи минималӣ: Ҳамарзиши USD 500 бо Сомонӣ

Маблағи максималӣ: Ҳамарзиши USD 30,000 бо Сомонӣ

Асъор: Сомонӣ

Мӯҳлати минималӣ: 1 моҳ

Мӯҳлати максималӣ: 48 моҳ

Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ: 1 моҳ

Саҳми қарзгиранда: 

20% — барои нақлиётҳои нав (бо нишондоди масофаи на зиёда аз 1 ҳазор км.)

30% — барои нақлиётҳои истифодашуда

Зомин: 

Барои мизоҷони стандартӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз ҳамарзиши 2 000 Доллари ИМА бо Сомонӣ зомин талаб карда мешавад;

Барои мизоҷони бартаридор ва намунавӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз ҳамарзиши 4 000 Доллари ИМА бо Сомонӣ зомин талаб карда мешавад;

Гарав: 

Нақлиёти харидшаванда (суғурташуда) ё амволи ғайриманқул.

  • То ҳамарзиши USD 10,000 бо сомонӣ – бо суғуртаи давлатӣ;
  • Зиёда аз ҳамарзиши USD 10,000 бо сомонӣ – бо суғуртаи ширкати BIMA.

Фоизҳои қарзӣ: 

Электромобил – 22%

Дигар намудҳои нақлиёт – 24%

Ҳаққи хизматрасонӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ

Усули ҳисоби фоиз: Ҳаррӯза аз рӯи  бақияи қарз

Усули пардохти қарз: Моҳона, пардохтҳои баробар – аннуитет

Пурра пардохти қарз пеш аз мӯҳлат ё қисман пешпардохт: Бе ҷарима бо шарти дархости хаттӣ, иҷозат дода мешавад.

Усули ҳисоби ҷарима барои саривақт напардохтани қарз: 0,3% ба ҳар як рӯзи батаъхирафтода. Ҷарима аз маблағи асосии пардохтнашуда ҳисоб карда мешавад. 

Маълумоти иловагӣ:

  1. Ин маҳсулот танҳо барои хариди нақлиёти шахсӣ пешбинӣ шудааст;
  2. Намуди нақлиёт маҳдудият надорад;
  3. Маблағи қарз аз арзиши нақлиёт бо тарҳ кардани саҳми мизоҷ, бояд зиёд набошад;
  4. Мизоҷоне, ки таърихи қарзии хуб доранд, тахфифи фоизӣ пешбинӣ шудааст;
  5. Меъёри фоизии самараноки солона аз рӯи ҳар як қарз дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад;
  6. Дар ҳолати пурра пардохт нагардидани қарз ва фоизҳои он, ситонидани маҷбурии қарз аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, ба роҳ монда мешавад;
  7. Мизоҷони стандартӣ: Мизоҷони нав ё мавҷудбуда, ки зиёда аз 3 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ё дар давоми 24 моҳи пардохти қарз зиёда аз 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
  8. Мизоҷони бартаринок: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз то 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
  9. Мизоҷони намунавӣ: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз умуман ба дермонӣ роҳ надодаанд.