Таърихи Бонк

АБМХ дар соли 2003 таъсис ёфта, дар Тоҷикистон аввалин бонки тиҷоратӣ буд, ки ба пешниҳоди қарзҳои хурд диққати асосӣ медод. Бо такя бар бунёди қавии худ дар бахши маблағгузории хурд Бонк маҷмуи хизматрасониҳои худро барои беҳтар бароварда сохтани ниёзҳои гуногуни молиявии шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ тавсеа дод.

Бонк бо Шабакаи Оғохон оид ба рушд – гурӯҳи агентиҳои рушд, ки дар заминаҳои тандурустӣ, таълим, фарҳанг ва рушди иқтисодии минтақаҳои деҳот асосан дар Осиё ва Африқо фаъолият мекунад, вобаста мебошад. Дар воқеъ, Бонк дар ибтидо бо он мақсад ташкил карда шуд то амалиётҳои тамоми ташкилотҳои молиявии хурди қаблиро, ки аз тарафи агентиҳои дигари рушди Шабакаи Оғохон оид ба рушдро дар кишвар ба мисли Имконияти дастгирии соҳибкорӣ ва барномаи қарзии Барномаи Дастгирии Рушди Манотиқи Кӯҳистон (БДРМК) якҷоя намояд. Дар тобистони соли 2007 Бонк сандуқи қарзии боқимондаи БДРМКро дар Хатлон дарёфт карда, дар натиҷа фаъолиятҳои молиявии хурди минбаъдаи Шабакаи Оғохон оид ба рушдро дар зери як сақф ба ҳам овард.

Ҳамчун сармоягузории асосии Шабакаи Оғохон оид ба рушд дар рушди дарозмуддати Тоҷикистон Бонк робитаи кории қавиро бо агентиҳои Шабакаи Оғохон оид ба рушд ва ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ва ТҒД, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд барқарор менамояд то боварӣ ҳосил намояд, ки амалиётҳои он дар рушди умумии  кишвар саҳмгузор мебошанд.