Хазиначии сайёр, ш. Хуҷанд

Job type: Рӯзи пурраи корӣ
Job location: Хуҷанд

АБМХ барои ишғол кардани ҷои кори холии Хазиначии сайёр барои филиали бонк дар ш. Хуҷанд эълон менамояд.

Мутасаддии ин вазифа масъули қабули захираи пули нақд ва пардохтҳо аз /ба мизоҷони бонк барои бозпардохти қарз ва пур кардани суратҳисобҳои амонат мувофиқ бо пардохт ва ҳуҷҷатҳои суратҳисоб; нигоҳ доштани хизматрасонии мизоҷон дар сатҳи касбии баланд мебошад. Вазифаи мазкур хусусияти кории сафару роҳгарди ба марказҳои хизматрасониҳои бонкии филиал дорад.

Талаботҳо:

  • Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё муҳосибот;
  • На камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи хазиначӣ;
  • Маҳорати хуби риёзӣ;
  • Маҳорати хуби кор бо компютер;
  • Дар сатҳи олӣ донистани забони тоҷикӣ; Дар сатҳи хуби корӣ донистани забони русӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ дорад.
  • Малакаҳои хуби муошират.

Шумо метавонед ба ин вазифа бо истифода аз шакли пешниҳоди ин саҳифа муроҷиат намоед ё метавонед резюмеи худро тавассути почтаи электронии hr@fmfb.com.tj  бо нишон додани номи вазифа дар сатри мавзӯъ ирсол намоед.

Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯ ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

 

Откликнуться на эту вакансию

Поддерживаемые типы файлов: .pdf, .doc, .docx
Хазиначии сайёр, ш. Хуҷанд — Первый Микрофинансовый Банк Таджикистана

Новости

Share via
Copy link
Powered by Social Snap