Қарзҳо барои хариди электромобил ва дигар мошинҳо
Аввалин бонки молиявии хурд барои хариди электромобилҳо қарзҳоро бо сомонӣ бо 22 фоиз ва дигар нақлиётҳо бо 24 фоизи солона пешниҳод мекунад.
Маблағи қарзҳо то 300 000 сомонӣ буда ва ба муҳлати то 48 моҳ пешниҳод мегардад.
Маҳсулоти мазкур барои доираи васеи соҳибкорони хурду миёна, деҳқонон ва кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ, пешбинӣ шудааст.
Маблағи минималӣ | 500 доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ |
Маблағи максималӣ | 30 000 доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ |
Асъор | доллари ИМА ва сомонӣ |
Муҳлати минималӣ | 1 моҳ |
Муҳлати максималӣ | Барои қарзҳо бо сомонӣ – то 48 моҳ
Барои қарзҳо бо доллари ИМА – то 36 моҳ |
Муҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ | 1 моҳ |
Саҳми қарзгиранда | 20% нархи мошин барои мошинҳои нав ва 30% нархи мошин барои мошинҳои кӯҳна |
Зомин | Барои мизоҷони стандартӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз 2 000 доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ зомин талаб карда мешавад;
Барои мизоҷони бартаридор ва намунавӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз 4 000 доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ зомин талаб карда мешавад; |
Гарав | Мувофиқи ҷадвали талаботҳои гарав |
Фоизҳои қарзӣ | 22 % — барои электромобилҳо;
24 % — барои нақлиётҳои дигар. |
Ҳаққи хизматрасонӣ | |
Усули ҳисоби фоиз | Ҳаррӯза аз рӯйи бақияи қарз |
Усули пардохти қарз | Моҳона, пардохтҳои баробар – аннуитет |
Маълумоти иловагӣ:
Ин маҳсулот танҳо барои хариди нақлиёти шахсӣ пешбинӣ шудааст;
Намуди нақлиёт маҳдудият надорад;
Маблағи қарз аз арзиши нақлиёт бо тарҳ кардани саҳми мизоҷ, бояд зиёд набошад;
Мизоҷоне, ки таърихи қарзии хуб доранд, тахфифи фоизӣ пешбинӣ шудааст;
Меъёри фоизии самараноки солона аз рӯи ҳар як қарз дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад;
Дар ҳолати пурра пардохт нагардидани қарз ва фоизҳои он, ситонидани маҷбурии қарз аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, ба роҳ монда мешавад;
Мизоҷони стандартӣ: Мизоҷони нав ё мавҷудбуда, ки зиёда аз 3 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ё дар давоми 24 моҳи пардохти қарз зиёда аз 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
Мизоҷони бартаринок: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз то 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
Мизоҷони намунавӣ: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз умуман ба дермонӣ роҳ надодаанд.