ҚАРЗҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Маҳсулоти мазкур барои доираи васеи соҳибкорони хурду миёна, деҳқонон ва кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ пешниход карда мешавад.

Қарзҳои истеъмолӣ барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти гуногуни мизоҷон ба монанди хариди молҳои истеъмолӣ, таҳсил, табобат, гузаронидани чорабиниҳои иҷтимоӣ, саёҳат ва ғайра, пешбинӣ шудааст.

Барои гирифтани маълумоти мушаххас оиди тарофаҳои бонкӣ аз ҷадвали зерин истифода баред: тарофаҳо

Маблағи минималӣ: 100 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ

Маблағи максималӣ: 20 000 Доллари ИМА ва  ҳамарзиши он бо сомонӣ

Асъор: Доллари ИМА ва Сомонӣ

Мӯҳлати минималӣ: 1 моҳ

Мӯҳлати максималӣ: 

Барои қарзҳо бо Сомонӣ – то 48 моҳ

Барои қарзҳо бо Доллари ИМА – то 36 моҳ

Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ: 1 моҳ

Саҳми қарзгиранда: Талаб карда намешавад

Зомин: 

Барои мизоҷони стандартӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз 2 000 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ зомин талаб карда мешавад;

Барои мизоҷони бартаридор ва намунавӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз 4 000 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ зомин талаб карда мешавад;

Гарав: Мувофиқи ҷадвали талаботҳои гарав

Фоизҳои қарзӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ

Ҳаққи хизматрасонӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ

Усули ҳисоби фоиз: Ҳаррӯза аз рӯи  бақияи қарз

Усули пардохти қарз: Моҳона, пардохтҳои баробар – аннуитет

Пурра пардохти қарз пеш аз мӯҳлат ё қисман пешпардохт: Бе ҷарима бо шарти дархости хаттӣ, иҷозат дода мешавад.

Усули ҳисоби ҷарима барои саривақт напардохтани қарз: 0,3% ба ҳар як рӯзи батаъхирафтода. Ҷарима аз маблағи асосии пардохтнашуда ҳисоб карда мешавад. 

Маълумоти иловагӣ:

  1. Мизоҷоне, ки таърихи қарзии хуб доранд, тахфифи фоизӣ пешбинӣ шудааст;
  2. Меъёри фоизии самараноки солона аз рӯи ҳар як қарз дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад;
  3. Дар ҳолати пурра пардохт нагардидани қарз ва фоизҳои он, ситонидани маҷбурии қарз аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, ба роҳ монда мешавад;
  4. Мизоҷони стандартӣ: Мизоҷони нав ё мавҷудбуда, ки зиёда аз 3 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ё дар давоми 24 моҳи пардохти қарз зиёда аз 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
  5. Мизоҷони бартаринок: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз то 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
  6. Мизоҷони намунавӣ: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз умуман ба дермонӣ роҳ надодаанд.