Пресс-релиз

24.04.2019

Аввалин Бонки Молиявии Хурд шартномаи ҳамкорӣ барои мусоидат дар самти интиқоли пули нақдро бо Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ ба имзо расонид

Аввалин Бонки Молиявии Хурд (АБМХ) ҳамчун хизматрасони молиявӣ барои дастгирии системаи интиқоли бехатар ва арзон, ки барои интиқоли пули нақд ба истифодабарандагони Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ (БҶО), ки эҳтиёҷоти озуқавории фаврии онҳоро конеъ мегардонад, интихоб гардид.

Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ дар ҳамоҳангӣ ва шарикӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ, дастгирии хонаводаҳои осебпазири Тоҷикистон дар доираи Барномаи Кумаки Молиявӣ (БКМ) тавассути интиқоли пули нақд идома дода истодааст. Ҳамчун як қисми ин ташаббус, истифодабарандагони барнома саривақт маблағро барои ниёзҳои озуқавории худ хоҳанд гирифт ва дар баробари ин даромадашонро зиёд менамоянд. Истифодабарандагон ин маблағро, аз ҷумла барои барқарор кардани канали обёрикунӣ, коҳиш додани хатарҳо ва таъсири онҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии озуқаворӣ ва устувории офатҳои табиӣ, сарф хоҳанд намуд. Барномаи Кумаки Молиявӣ дар 16 ҷамоати ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ, амалӣ карда мешавад.

Аввалин Бонки Молиявии Хурд ва Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ тасмим гирифтаанд, ки дар якҷоягӣ дастгирии Ҳадафҳои Рушди Устуворро ба роҳ монда барои аз байн бурдани сабабҳои асосии норасоии ғизо ва баланд бардоштани устуворӣ мусоидат намоянд. Истифодабарандагони Барномаи Кумаки Молиявӣ ба маҳсулоти молиявӣ ва хизматрасониҳо дастрасӣ пайдо мекунанд, ки аз ҷониби бонк пешниҳод карда мешаванд ва ҳамчунин омӯзиши дониши молиявиро мегузаранд.

Дар маросими баимзорасонии шартнома миёни ду шарик, Намоянда ва Директори Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ БҶО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алберто Коррея Мендес чунин қайд намуд: «Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ интиқоли маблағро ба барномаҳои худ ворид карда маҷмӯи васеи воситаҳои мубориза бо гуруснагӣ ва рушдро пешниҳод менамояд. Беҳтар аст, ки бахши хусусӣ ва бахши гуманитарӣ якҷоя бо мақсади дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ кор кунад.»

Пас аз имзои созишнома Раиси Аввалин Бонки Молиявии Хурд қайд намуд: «Бонк аз ҳамкорӣ бо Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ дар татбиқи ин ташаббус хушҳол аст. Аввалин Бонки Молиявии Хурд — бонки тиҷоратӣ, ки ҳадафи иҷтимоиро ба пеш бурда истодааст ва барои баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон тавассути дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва бонкӣ фаъолият дорад. Дар ҳамкорӣ бо барномаи БҶО “Кумаки Молиявӣ” бонк ба мизоҷони баъзе минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон хизмат хоҳад расонд.”

Аз номи созмонҳои дахлдор Ентен Лама, Раиси Аввалин Бонки Молиявии Хурд ва Алберто Коррея Мендез, Намоянда ва Директори Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаро ба имзо расонданд. Ҳамчунин, роҳбарони баландмақоми Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ ва Авввалин Бонки Молиявии Хурд дар маросим ширкат доштанд.

Эзоҳ:

Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ (БҶО) ташкилоти бузургтарини ҷаҳонии башардӯстона мебошад, ки бар зидди гуруснагӣ дар ҷаҳон мубориза мебарад. Дар маҷмӯъ, БҶО зиёда аз 80 миллион одамро бо кӯмаки ғизоӣ дар 75 кишвар фаро мегирад. Дар соли 1961 аз идораи марказии Рим, Дафтари минтақавӣ ва идораҳои он дар зиёда аз 80 мамлакати ҷаҳон таъсис дода шудааст, БҶО ӯҳдадор аст, ки ҷаҳон ҳамеша ба ғизои зарурӣ барои зиндагии фаъол ва солим дастрасӣ дошта бошад.

Аввалин Бонки Молиявии Хурд (АБМХ) бонки тиҷоратиест, ки бо фаъолияти микромолиявӣ дар кишвар машғул аст. Бонк хизматрасониҳои васеи молиявиро дар ҳамаи минтақаҳои кишвар таъмин менамояд. Бонк дастгирии рушди иқтисодиёт ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути таъмини дастрасӣ ба қарзҳо, пасандозҳо ва интиқолҳои пулӣ барои аҳолии мақсаднокро таъмин менамояд. Илова ба идораҳои марказӣ ва филиалҳо дар Душанбе, бонк инчунин дар Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Ғарм ва Хуҷанд ҷойгир аст. Шабакаи васеъи 32 марказҳои бонкӣ, ки дар ҳудуди шаҳр ва деҳот фаъолият мекунанд, филиалҳоро дастгирӣ менамояд.

 
Аз номи созмонҳои худ Ентен Лама, Раиси Бонк ва Алберто Коррея Мендес, намоянда ва Директори БҶО ба имзо расониданд

 
Аз чап ба рост: Фаридун Раҳмонов, Андрея Берардо, Анварбек Аҳмадбеков, Ҳафиз Қаландаров, Марико Кавабата, Ентен Лама, Алберто Мендес, Мира Ҳаҷӣ, Амид Ташрифбеков, Воҳид Туфалонов

Пресс-релиз — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот