Низомҳои интиқоли пул

Низомҳои интиқоли пулӣ

Низомҳои интиқоли пулӣ, ки айни замон дар ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» фаъолият доранд:

Акнун тариқи низоми пардохтии “Ватан” дар як вақт то 100  000 сомонӣ (ва ҳамарзиши он бо се асъори хориҷӣ – доллар, евро ва рубл) интиқол ва қабули маблағ дар қаламрави ҷумҳурӣ имконпазир гардид.

Шумо метавонед, маблағҳои худро тариқи марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои Аввалин бонки молиявии хурд дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба бонкҳои дигари ватанӣ интиқол намоед.

Барои ирсоли интиқол инҳо лозим мебошанд:

  • Ному насаби интиқолгиранда (мувофиқи шиноснома)

Комиссия барои интиқоли содиротӣ:

  • Комиссия мувофиқи тарифҳои худи низом ба таври зерин ситонида мешавад:
  • Комиссия барои интиқол бо сомонӣ 0,5%;
  • Комиссия барои интиқол бо доллари ИМА ва евро 1,5%;
  • Комиссия барои интиқол бо рубли русӣ 1,5%.

Барои гирифтани интиқол донистани инҳо зарур аст:

  • Рақами интиқол (10 рақам)
  • Маблағ
  • Ному насаби интиқолдиҳанда 

Комиссия барои интиқолҳои воридотӣ: 0%

 

 

Тариқи низоми WESTERN UNION ба осонӣ метавонед интиқоли маблағро дар ихтиёри гушаи дунё амалӣ созед. Нуқтаҳои хизматрасониро дар ин ҷо пайдо намоед:  https://westernunion.ru  

Асъори интиқол: рубли Россия (RUB), доллари ИМА (USD) ва евро (EUR).

Барои ирсоли интиқол инҳо лозим мебошанд:

  • Ному насаби интиқолгиранда (мувофиқ ба шиноснома)

Комиссия барои интиқоли содиротӣ:

  • Ҳаққи хизмат аз рӯи тарифҳои худи низом ситонида мешавад

Барои гирифтани интиқол донистани инҳо зарур аст:

  • Рақами интиқол (10 рақам)
  • Маблағ
  • Ному насаби интиқолдиҳанда

 Комиссия барои интиқолҳои воридотӣ: 0%

* Низоми пардохтии WESTERN UNION аз 24 марти соли 2022 фаъолияти худро дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус қатъ кард.

 

 

Шуруъ аз 21-уми феврали соли 2024 хизматрасонӣ дар низоми мазкур қатъ карда шуд.

Барои маълумоти пурра хоҳишмандем ба линки зерин ворид шавед:

https://www.cbr.ru/press/pr/?file=638441030839855571BANK_SECTOR.htm

https://www.contact-sys.com/

 

 

Низоми Юнистрим руйхати васеи нуқтаҳои хизматрасонӣ оиди интиқоли маблағро пешниҳод мекунад.

Нуқтаҳои қабул/пардохти интиқоли маблағро аз ин ҷо дастрас намоед: https://unistream.ru/locations/#/.

Асъори интиқол: рубли Россия (RUB), доллари ИМА (USD) ва евро (EUR).

Барои ирсоли интиқол инҳо лозим мебошанд:

  • Ному насаби интиқолгиранда (мувофиқ ба шиноснома)

Комиссия барои интиқоли содиротӣ:

  • Ҳаққи хизмат аз рӯи тарифҳои худи низом ситонида мешавад

Барои гирифтани интиқол донистани инҳо зарур аст:

  • Рақами интиқол (аз 12 ва зиёда рақам)
  • Маблағ
  • Асъор
  • Ному насаби интиқолдиҳанда

Комиссия барои интиқолҳои воридотӣ: 0%

Маълумоти иловагӣ
1. Рӯйхати низомҳое, ки интиқоли маблағро анҷом медиҳанд:
• Юнистрим
• Western Union
• Contact
• Интиқоли дохилӣ (дар дохили шабакаи АБМХ)
• НП «ВАТАН» (дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон)
2. Номгӯи ҳуҷҷатҳои барои интиқоли пулӣ ҳатмибуда:
• ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият)
• ваколатномаи намоянда
• маълумотҳои иловагӣ ё ҳуҷҷатҳо, ки манбаи пайдоиши маблағро муайян мекунанд, мувофиқи Дастурамали №204-и Бонки миллии Тоҷикистон “Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ”
3. Мӯҳлати эътибори интиқоли пулӣ*:
• WESTERN UNION — Интиқоли пуле, ки аз тарафи мизоҷ талаб нашудааст, то мӯҳлати ниҳоӣ, ки аз тарфи давлати интиқолдиҳандаи маблағ ҷорӣ шудааст, маҳфуз мемонад (тибқи Қойдаҳои хизматрасонии Western Union)
• CONTACT — 24 рӯзи тақвимӣ аз санаи содиршавии интиқол (тибқи пешниҳоди Офертаи оммавии CONTACT КИВИ Банк (АО))
• ЮНИСТРИМ — Интиқолгиранда ҳақ дорад ба «Тараф-иҷрокунанда» барои гирифтани маблағ то 180 (яксаду ҳаштод) рӯз муроҷиат намояд. Зиёда аз ин интиқол танҳо барои Интиқолдиҳанда то муддати се сол дастрас мемонад (тибқи Қоидаҳои низоми пардохти байналмилалии интиқоли пулии «UNISTREAM»)
• Интиқоли дохили бонкӣ — бемӯҳлат
*Шартҳо ва мӯҳлатҳои дар банди 3 дарҷшуда вобаста ба талаботи низоми пардохтӣ метавонанд тағйир ёбанд. Барои тафтиш, ба торномаи худи низоми пардохтӣ ташриф оваред.
4. Ҳаҷми маблағи ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии интиқоли маблағҳои пулӣ:
• ҳама интиқолҳо мутобиқи шартҳои Дастурамали №204 БМТ ҶТ пардохт ва фиристода мешаванд, инчунин барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи ҳар як низоми интиқоли маблағҳо ба ин сомонаҳо ташриф оваред: https://unistream.ru/, https: //www.westernunion.ru/ ва https: //www.contact-sys.com/
5. Асъори интиқоли пулӣ ва қурби мубодилавӣ:
• интиқолҳои воридотӣ бо асъори Доллари ИМА, ЕВРО ва Рубли Русия(табдил ба пули миллӣ бо қурби Бонки миллии Тоҷикистон — Дастурамали №204 БМТ ТҶ) пардохт карда мешаванд
• интиқолҳои содиротӣ бо асъори Доллари ИМА, ЕВРО ва Рубли Русия содир мешаванд
6. Интиқол/дастрас намудани маблағҳои пулӣ, шартҳои боздошт, бозхонд, тағйири маълумот, бекор намудани интиқоли маблағ ва баргардонидани маблағҳои интиқолӣ:
• ҳамаи интиқолҳо мувофиқи қоидаҳои низомҳои пардохтии онҳо иҷро мешаванд. Сомонаҳои низомҳои пардохтӣ: https://unistream.ru/, https://www.westernunion.ru/ ва https://www.contact-sys.com/
7. Тартиби пешниҳоди иддао ва тартиби ҳалли баҳсҳо:
• мизоҷ бояд ба наздиктарин филиал ё МХБ-и ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», тариқи маркази тамоси бонк 0909 (771-110-111 whatsapp, telegram) ё почтаи электронии info@fmfb.com.tj муроҷиат намояд