Саҳҳомон

Ҳаҷми сармояи оинномавии Бонк ба маблағи 93,340,000 сомонӣ баробар аст. Саҳҳомони Аввалин бонки молиявии хурд шарикони асосии кӯмаккунанда барои рушди Бонк мебошанд. Бо вуҷуди он, ки баъзеҳо аз ҷумлаи саҳҳомони бевоситаи Бонк буда, бисёре аз саҳҳомон барои кӯмаки техникӣ ва тақвияти имкониятҳо қарзҳо ё грантҳо пешниҳод менамоянд. 

Саҳҳомони Бонк инҳо мебошанд:

Фонди Оғо Хон оид ба Рушди Иқтисодӣ (AKFED) оҷонси байналмилалии рушд, ки ба пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои камхарҷ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бахшида шудааст. AKFED аксар вақт дар қисматҳои ҷаҳон фаъолият мекунад, ки сармоягузории мустақими хориҷӣ надоранд. Ҳамчун шабакаи филиали зиёда аз 90 ширкатҳои инфиродии лоиҳакашӣ фаъолият мекунад, ки дар он зиёда аз 55000 нафар кор мекунанд. Зиёда аз 75 сол аст, ки AKFED ширкатҳоро дар Африқо, Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ ва идора карда, лоиҳаҳоро дар соҳаи саноат, сайёҳӣ ва хизматрасонии молиявӣ амалӣ намуда, дар 18 кишвари ҷаҳони рӯ ба тараққӣ фаъолият мекунад. AKFED 56561 адад саҳмияҳои оддии ба маблағи 56,561,000 сомонӣ (60,60%) дар ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» мебошад.

Сомона: https://www.akdn.org/our-agencies/aga-khan-fund-economic-development
Саҳмдор аз соли 2015

Агентии Оғохон оид ба Маблағгузории Хурд (АКАМ) Ҳадафҳои асосии AKAM коҳиш додани камбизоатӣ, коҳиш додани осебпазирии аҳолии камбизоат ва сабукгардонии ҷудошавии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ҳадафи АКАМ беҳбуди сатҳи зиндагии мардум тавассути кумак ба беҳбуд кардани даромад, эътимод ба худ ва дарёфти малакаҳое мебошад, ки дар бозорҳои асосии молиявӣ фаъол мебошанд. АКАМ дорои 21390 саҳмияи оддӣ ба маблағи 21,390,000 сомонӣ (33.77%) дар ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» мебошад.

Сомона: https://www.akdn.org/our-agencies/aga-khan-agency-microfinance
Саҳмдор аз соли 2007

Фонди Оғохон дар Тоҷикистон (AKF) соли 1967 дар ш. Женеваи Шветсария таъсис ёфтааст. Фонди Оғохон як агентии шакли кушодаи рушди байналмилалӣ аст, ки дорои филиалҳо, фаръҳо ва намояндагиҳо дар 20 кишвари ҷаҳон мебошад. Фонди Оғохон дар Тоҷикистон фаъолияташро аз соли 1993 вобаста ба шароитҳои бавуҷудомада дар ВМКБ, ки бо нарасидани озукавори баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди шӯрави рӯ ба рӯ шуда буд, оғоз намуд. Дар баробари ин барномаи ҳолати фавқулодда, Бунёди Оғохон барномаи рушди кӯҳистонро бо мақсади саҳм гузоштан дар кам намудани сатҳи камбизоатӣ пешкаш намуд. Барномаҳои ислоҳотӣ дар бахши иҷтимоӣ (беҳдошт ва маъориф) соли 1994 пешкаш гардиданд. Дорои 5263 саҳмияи оддӣ ба маблағи 5,263,000 (5.63%) сомонӣ дар ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» мебошад.

Сомона: https://www.akdn.org/our-agencies/aga-khan-foundation
Саҳмдор аз соли 2003