ҚАРЗҲО БАРОИ КИШОВАРЗӢ

Қарзҳои кишоварзӣ маҳз барои деҳқонон барои кишти зироат, чорводорӣ, боғкорӣ, коркард — захиракунӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд.

Барои гирифтани қарз мӯҳлати фаъолияти дехконон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ набояд аз 1 сол кам бошад.

Барои гирифтани маълумоти мушаххас оиди тарофаҳои бонкӣ аз ҷадвали зерин истифода баред: тарофаҳо

Зироаткорӣ, чорводорӣ, боғкорӣ, ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзӣ, хариди воситаҳои ғайри гардон, коркарди ҳосил, рушди соҳибкорӣ ё зиёд намудани тавоноии истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити нигоҳдории ҳосил ва ғайра

Маблағи минималӣ: Ҳамарзиши 100 Доллари ИМА бо сомонӣ

Маблағи максималӣ: Ҳамарзиши 100 000 Доллари ИМА бо сомонӣ

Асъор: Танҳо бо Сомонӣ

Зироаткорӣ, чорводорӣ, боғкорӣ, ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра.

Мӯҳлати минималӣ: 3 моҳ

Мӯҳлати максималӣ: 18 моҳ

Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ: 

Зироаткорӣ – 9 моҳ,

Чорводорӣ – 6 моҳ

Саҳми қарзгиранда: Талаб карда намешавад

Хариди воситаҳои ғайри гардон, коркарди ҳосил, рушди соҳибкорӣ ё зиёд намудани тавоноии истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити нигоҳдории ҳосил ва ғайра

Мӯҳлати минималӣ: 6 моҳ

Мӯҳлати максималӣ: 48 моҳ

Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ: 9 моҳ

Саҳми қарзгиранда: то 30%

Зироаткорӣ, чорводорӣ, боғкорӣ, ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзӣ, хариди воситаҳои ғайри гардон, коркарди ҳосил, рушди соҳибкорӣ ё зиёд намудани тавоноии истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити нигоҳдории ҳосил ва ғайра

Зомин: 

Барои мизоҷони стандартӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз 2 000 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ зомин талаб карда мешавад;

Барои мизоҷони бартаридор ва намунавӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз 4 000 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ зомин талаб карда мешавад; 

Гарав: Мувофиқи ҷадвали талаботҳои гарав

Фоизҳои қарзӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ

Ҳаққи хизматрасонӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ

Усули ҳисоби фоиз: Ҳаррӯза аз рӯи  бақияи қарз

Усули пардохти қарз: Моҳона, пардохтҳои баробар – аннуитет

Пурра пардохти қарз пеш аз мӯҳлат ё қисман пешпардохт: Бе ҷарима бо шарти дархости хаттӣ, иҷозат дода мешавад

Усули ҳисоби ҷарима барои саривақт напардохтани қарз: 0,3% ба ҳар як рӯзи батаъхирафтода. Ҷарима аз маблағи асосии пардохтнашуда ҳисоб карда мешавад. 

Маълумоти иловагӣ:

  1. Маҳсулоти кишоварзӣ афзалияти зиёд дорад, аз ҷумла мӯҳлати қарзӣ ва имтиёзии дароз, ки деҳқононро дар мавсимиҳои фаъолиятҳои кишоварзӣ дастгирӣ менамоянд;
  2. Хариду фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ метавонад ҳам ба фаъолияти кишоварзӣ дохил шавад ва ҳам ба соҳаи савдо;
  3. Ба хотири ҳимояи деҳқонон аз хавфи асъорӣ қарзҳои кишоварзӣ танҳо бо асъори миллӣ пешниҳод карда мешаванд;
  4. Мизоҷоне, ки таърихи қарзии хуб доранд, тахфифи фоизӣ пешбинӣ шудааст;
  5. Меъёри фоизии самараноки солона аз рӯи ҳар як қарз дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад;
  6. Дар ҳолати пурра пардохт нагардидани қарз ва фоизҳои он, ситонидани маҷбурии қарз аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, ба роҳ монда мешавад;
  7. Мизоҷони стандартӣ: Мизоҷони нав ё мавҷудбуда, ки зиёда аз 3 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ё дар давоми 24 моҳи пардохти қарз зиёда аз 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
  8. Мизоҷони бартаринок: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз то 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
  9. Мизоҷони намунавӣ: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз умуман ба дермонӣ роҳ надодаанд.