Суратҳисоби амонатии дархостӣ

Ин маҳсулот ба шахсони ҳуқуқӣ барои истифодабарии пули нақд, ҳисоббаробаркунӣ ва иҷрои  амалиётҳои молиявии ҳаррӯзаи онҳо пешниҳод шудааст.

Барои маълумот оиди тарофаҳои бонк аз рӯи ин намуди маҳсулот хоҳиш мекунем ба ҷадвал нигаред.

Шартҳо:

  • Амонат ҳам бо пули миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ қабул карда мешавад;
  • Амонат ҳам дар шакли нақд ва ҳам дар шақли ғайринақдӣ қабул карда мешавад;
  • Амонат бо мӯҳлати номуаян қабул карда мешавад;
  • Маблағи фоизӣ аз рӯи амонат пардохт карда намешавад;

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Дархост ва саволнома барои кушодани суратҳисоби бонкӣ (варақаи бонкӣ);
  • Шарномаи суратҳисоби бонкӣ (варақаи бонкӣ)
  • Корти имзо (варақаи бонк);
  • Нусхаи шиносномаи тамоми тарафҳо;
  • Сертификати қайди давлатӣ ва ҳисобот барои қайди ягонаи давлатӣ;
  • Маълумотномаи андоз ва РМА;

Афзалиятҳо:

  • Ҷои бехатар ва боэътимод бораи нигоҳ доштани пул, бонке, ки саҳомони эътирофшудаи байналмиллалӣ дорад;
  • Дастрасии осон ба маблағҳо дар ҳамаи филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкии АБМХ, дар тамоми қаламрави Тоҷикистон;
  • Интиқоли осони маблағ аз суратҳисоби мизоҷ ба дигар суратҳисобҳо;