Тағир ёфтани суратҳисобҳои корти пластики

11.10.2019

Мизоҷони мӯҳтарам,
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки бинобар сабаби гузаштан ба низоми нави бонкӣ, минбаъд тамоми интиқолҳои байналмиллалӣ ва дохилӣ мустақиман ба суратҳисобҳои кортии мизоҷон бе истифодаи рақами суратҳисоби умумии кортҳои ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» амалӣ мегарданд.
Аз ҳамин сабаб, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки мушаххасоти бонкии худро тағйир диҳед ва рақами суратҳисоби кортии шахсиатонро, ки дар шартномаи хизматрасонии кортҳои бонкӣ дарҷ шудааст дар ҷои рақами суратҳисоби маблағгиранда нишон диҳед. Интиқол ба воситаи рақами суратҳисоби умумии кортӣ/суратҳисоби транзитии кортӣ аз 1 ноябри соли 2019 қатъ карда мешавад.
Барои аниқ кардани рақами суратҳисоби кортии худ, азнавкунии мушаххасоти бонкӣ ва масъалаҳои дигар, лутфан ба Шӯъбаи кортҳои бонкии Сарбонк ва ё филиали наздиктарини ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» муроҷиат намоед.

Барои маълумоти иловагӣ ба шумораҳои зерин занг занед: 77 111 0 111 / 2289310 / 2278484

Тағир ёфтани суратҳисобҳои корти пластики — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот