Системаи байналмилалии интиқоли пули Свифт

Баррасӣ

S.W.I.F.T(Ҷамъиятбарои телекомуникатсияи байнлалмилалии молиявии байнибонкӣ) як системаи байналмилалии байнибонкӣ барои интиқоли маълумот ва анҷом додани пардохтҳо мебошад. Система ба шумо имконият медиҳад то пардохтҳоро анҷом дода ё маблағи калони асъори хориҷиро ба ҳар кишваре дар рӯи дунё ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ интиқол диҳед.

Маъулмоти мухтасар

Асъори интиқолёбанда: Доллари ИМА, Евро ё Рубли русӣ
Нуқтаҳои дастрас: Тамоми нуқтаҳои хизматрасонии АБМХ (барои ҳам фиристодан ва қабул кардани пул)
Тарофаҳо: Дарёфт кардани пул ройгон аст / Тарофаҳо барои фиристодани пул бар асоси ниёзҳои мизоҷ ва маблағи интиқолёбанда фарқ мекунад. Лутфан барои маълумоти зиёда ба наздиктарин филиал муроҷиат намоед.

Пул чӣ гуна фиристода мешавад

Барои интиқоли маблағ бо асъори хориҷӣ тавассути СВИФТ ба шумо лозим аст то маълумоти муфассали бонкии зерин ва маблағи интиқолшаванда ва маълумоти пардохти шумо бо пур кардани намунаи варақаи пардоти АБМХ пешниҳод намоед.

  • Номи пурраи истифодабаранда
  • Суроғаи пурраи истифодабаранда
  • Суратҳисоб/IBAN/ABA
  • Банки манфиатдор
  • Суроғаи пурра
  • Рамзи СВИФТ
  • Суратҳисоби мукотибавӣ
  • Номи бонки мукотибавӣ
  • Суроғаи пурра
  • Рамзи СВИФТ

Аз шумо мувофиқи тарофаҳои роиҷи АБМХ барои ин хизматрасонӣ коммиссия гирифта мешавад. Лутфан шартнома, варақаи пардохт,  иқтибос ё ҳар ҳуҷҷати дигарро пешниҳод кунед агар шумо мехоҳед барои мақсадҳои фаъолият интиқоли пулро анҷом диҳед.

Афзалиятҳо:

  • Система дар тамоми ҷаҳон мавҷуд аст, ки дар давоми якчанд дақиқа метавон пулро дар ҳар гӯшаи дунё метавон гирифт
  • Бо осонӣ интиқол додани маблағи калон
  • Имконияти фиристодани маблағҳо ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ
  • Имконияти интиқоли пул бо асъори гуногун