Ҳамкории АБМХ Т ва БАБР дар заминаи рушди бахши хусусӣ

10.01.2019

Аввалин Бонки Молиявии Хурд (АБМХ Т) хатти қарзии Барномаи БАБР оид ба маблағгузории устувор ба тағйирёбии иқлимро, ки ба устувории бахши хусусӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим равона гардидааст,  бо муваффақият аз худ намуд.

Қарзи АБМХ-Т бо сомонӣ ба муодили 1 млн доллари ИМА барои таъмини устуворӣ ба тағйирёбии иқлим аз тарафи БАБР ва Барномаи озомоишӣ бо ҳиссаҳои баробар маблағгузорӣ карда шудааст. Сармоягузорӣ дар заминаи технологияи таъмини устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар бахшҳои тиҷоратӣ ва хусусӣ сурат гирифтааст. Тавассути сармоягузории Барнома оид ба маблағгузории устувор ба тағйирёбии иқлим, АБМХ-Т 484 лоиҳаи вобаста ба устувории иқлимиро дастгирӣ намуд, ки аз он 30%  соҳибкорони зан ва зиёда аз 70% ро тиҷорат ташкил медод.

“Барнома оид ба маблағгузории устувор ба тағйирёбии иқлим яке аз лоиҳаҳои муваффақтарини БАБР дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ман мехостам аз номи Бонки Аврупоии бозсозӣ ва рушд аз роҳбарият ва кормандони АБМХ-Т барои ҳамкории самаранок ва шарикӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ ва иқтисоди сабзи устувор дар Тоҷикистон изҳори сипос кунам.  Лоиҳаи маблағгузории устувор ба тағйирёбии иқлим дар моҳи июни соли 2016 шурӯъ гардид, аммо АБМХ-Т дар аввали соли равон ба он пайваст. АБМХ-Т хатти қарзи маблағгузории устувор ба тағйирёбии иқлимро ҳамагӣ дар давоми 11 моҳ бо муваффақият аз худ намуда, бори дигар ҳавасмандии бонкро дар заминаи гузариш ба иқистодиёти устувортар собит кард. Илова бар ин захираҳои БМУТИ дар ноҳияҳои дурдаст ба мисли ВМКБ  ва водии Рашт мавриди дастрасӣ қарор гирифтанд.  Муваффақияти бадастомада танҳо бо кӯшишҳои он нафароне, ки дар лоиҳа иштирок намуданд имконпазир гардид. Махсусан кормандони қарза, ки дар маҳалҳо фаъолият намуда бевосита бо мизоҷон муошират мекунанд, барои ҷорӣ кардани технологияи “сабз” дар ҳар хона ва корхонаҳои Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, қайд намуд Айтен Рустамова, сардори дафтари БАБР дар Тоҷикистон.

“Барнома оид ба маблағгузории устувор ба тағйирёбии иқлим (БМУТИ) аз намунаи механизми маблағгузории иқтисоди сабзи БАБР, ки тавассути шабакаи бештар аз 130 ташкилоти молиявӣ дар 24 кишвар фаъолият намуда аз тарафи БАБР ба маблағи 4 млр Евро барои 120 000 мизоҷ маблағгузорӣ мешавад, пайравӣ мекунад. Ин лоиҳаҳо солона коҳиши партовҳои СО2ро ба миқдори бештар аз 7 млн тон оварда расониданд.

АБМХ-Т хизматрасониҳои пурраи соҳаи бонкдориро тавассути шабакаи худ дар кишвар, ки аз 7 филиал ва 30 маркази хизматрасонии бонкӣ иборат мебошад пешниҳод мекунад. Шабака тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз ҷумла ноҳияҳои дурдасти кишварро, ки ҳузури дигар ташкилотҳои молиявӣ маҳдуд мебошад фаро мегирад. АБМХ-Т аз соли 2007 инҷониб мизоҷи БАБР буда ва  илтизоми хуб барои рушди лоиҳаҳои БАБР нишон дода ва дар ташаббусҳои гуногуни БАБР бо муваффақият иштирок намуд.

Ҳамкории АБМХ Т ва БАБР дар заминаи рушди бахши хусусӣ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот