Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мадди аввал аст

15.03.2023

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 

Дар ҷаҳони имрӯз қариб ҳама ба ин ё он шакл истеъмолкунанда аст. Истеъмолкунанда дорои маҷмӯи ҳуқуқҳое мебошад, ки онро қонунгузории ҳар як давлат мушаххас менамояд. 

15-уми март дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таъин шудааст. Кишвари мо низ чун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола 15-уми мартро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо баргузории силсилаи чорабиниҳо таҷлил менамояд. 

Аввалин бонки молиявии хурди Тоҷикистон баҳри риояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, дигар қонунҳо ва қарорҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, фаъолияти назаррас ва пурсамар дорад. Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон ва иҷрокунандагонро ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои хариди моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад. Дар ин росто, Аввалин бонки молиявии хурди Тоҷикистон мутобиқи стандарҳои байналмилалӣ амал карда, баҳри истеъмолкунандагон хизматрасониҳои муфидро бо риояи тамоми меъёрҳои ҳуқуқии онҳо пешниҳод кардааст ва низоми кории худро низ дар асоси ин меъёрҳо пурра ба роҳ мондааст.

Дар Аввалин бонки молиявии хурд Маркази алоқа фаъолият мекунад, ки аз шаҳрвандон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дархосту шикоят ва муроҷиат ҷамъоварӣ намуда ва онҳоро дар наздиктарин фурсат баррасӣ ва ҳаллу фасл менамояд. Маркази мазкур мувофиқи дархосту муроҷиат ва шикояти муштариён сохтор ва шахсони масъули Бонкро ӯҳдадор менамояд, то онро баррасӣ ва ҳал намуда ва аз рафти он ба Марказ ҳисобот пешниҳод намоянд. Маркази алоқа иҷроиши тамоми дархосту муроҷиатҳоро пурра назорат менамояд. 

Муроҷиати шаҳрвандон имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ: Телеграмм, Вайбер, Ватсап ва ғайра ва ҳамчунин, почтаи электронӣ, телефонӣ, шифоҳӣ ва хаттӣ сурат мегиранд, ки пурра пайгирӣ карда мешаванд. Ҳолати иҷрои муроҷиат, дархост ва шикоят  аз ҷониби кормандони  масъули шуъбаҳои дахлдор, ки ба  интиқоли маблағҳо, мушаххасоти суратҳисоб, иқтибос, интернет-банкинг, супоришномаи пулӣ, SMS ва ғайра аст, дарҳол ба Маркази алоқа ирсол мешавад ва дар он ҷо сабт гардида (менеҷери Марказ оиди ҳалли дархостҳо дар қайди иҷроиш сабт менамояд), ба менеҷер оид ба хизматрасонии мизоҷон пешниҳод карда мешавад. Инчунин,  аз ҷониби  шахсони мутасаддии филиалҳои Бонк ва МХБ аввали ҳар моҳ  оиди қайди сабти муроҷиатҳо ва дархостҳо — шикоятҳо маълумот пешниҳод карда мешавад. Менеҷери хизматрасонии муштариён ҳолатҳои пешниҳодшударо оиди иҷроиш пурра ва дақиқ  санҷида, аз рафти он ҳар моҳ  ба Шуъбаи хавф ҳисобот  пешниҳод мекунад.

Ҳамчунин, дар баробари ин, дар филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Бонк китоби бақайдгирии муроҷиат ва дархостҳо мавҷуд аст, ки ҳар рӯз омӯхта шуда ва масъалаҳои дар он дарҷёфта пурра баррасӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд. 

Мувофиқи маълумот Маркази алоқаи Аввалин бонки молиявии хурд дар соли 2022 30324-то муроҷиат, дархост ва шикояти мизоҷонро қабул кардааст, ки 409-тои он ба SMS-хабар, интиқоли маблағҳо, интернет-банкинг, қарзҳо, кортҳои бонкӣ тааллуқ мегиранд ва боқимонда пурсишҳои оддии маълумотӣ, аз ҷумла икдомҳои бонкӣ, суроғаи марказҳо, рақми телефонҳои бонк ва ғайра мебошанд, ки комилан баррасӣ шуда ва ҳали худро ёфтаанд.

Дар давоми ду моҳу чанд рӯзи… соли ҷорӣ бошад (яъне то ба имрӯз) тавассути почтаи электронӣ, телефон, шабакаҳои иҷтимоӣ, шифоҳӣ ва хаттӣ ҳамагӣ 6540 адад муроҷиат сурат гирифтааст, ки қисми зиёдашон ба SMS-хабар, интиқоли маблағҳо, интернет-банкинг, қарзҳо ва кортҳои бонкӣ  тааллуқ мегиранд. Ҳамаи ин муроҷиатҳо низ пурра баррасӣ гардида ва ҳали худро ёфтаанд. 

Бояд гуфт, ки Маркази алоқа яке аз марказҳои пуриқтидори Бонк буда, дар он мутахассисони баландихтисоси соҳа фаъолият мекунанд. 

Ҳамчунин, дар тамоми маълумотҳои чопӣ, шифоҳӣ ва навории Бонк, ки ба ҷомеа оиди хизматрасониҳо ва ғайра пешниҳод мегардад, рақами телефони боварии Бонк (0909) ва дигар маълумотҳои асосӣ оварда мешаванд.

Аз ин рӯ, Аввалин бонки молиявии хурд пайваста кӯшиш мекунад, ки бо мизоҷон боз ҳам наздиктар бошад ва дархосту пешниҳод ва шикояти онҳоро асоси пешрафти фаъолияти худ медонад ва аз ҳуқуқи онҳо ҳамеша дифоъ менамояд. 

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (15-уми март) такроран ёдовар шудан мехоҳем, ки  ҳуқуқи шумо – мизоҷони азиз ва умуман истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ дар фаъолияти мо дар мадди аввал аст ва аз ин рӯ, мо аз дилхоҳ дархуосту муроҷиати шумо пуштибонӣ хоҳем кард.  

Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи шумо муборак бод.

Телефони боварӣ:

Аввалин бонки молиявии хурд: 0909;

Бонки миллии Тоҷикистон: (+992) 44 600 15 20.

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мадди аввал аст — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот