ҚАРЗҲО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ

Маҳсулоти мазкур барои доираи васеи соҳибкорон ва ташкилотҳои хурду миёна, ки бо савдо, истеҳсолот ва хизматрасонӣ машғуланд, пешниҳод карда мешавад.

Барои гирифтани қарз мӯҳлати фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ набояд аз 1 сол кам бошад.

Барои гирифтани маълумоти мушаххас оиди тарофаҳои бонкӣ аз ҷадвали зерин истифода баред: тарофаҳо

Воситаҳои гардон ва асосӣ

Маблағи минималӣ: 100 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ

Маблағи максималӣ: 300 000 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ

Асъор: Доллари ИМА ва Сомонӣ

Воситаҳои гардон

Мӯҳлати минималӣ: 3 моҳ

Мӯҳлати максималӣ: 24 моҳ

Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ: 3 моҳ

Саҳми қарзгиранда: Талаб карда намешавад

Воситаҳои асосӣ

Мӯҳлати минималӣ: 6 моҳ

Мӯҳлати максималӣ: 48 моҳ

Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ: 6 моҳ

Саҳми қарзгиранда: 30%

Воситаҳои гардон ва асосӣ

Зомин: 

Барои мизоҷони стандартӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз 2 000 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ зомин талаб карда мешавад;  Барои мизоҷони бартаридор ва намунавӣ: Танҳо барои қарзҳои зиёда аз 4 000 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ зомин талаб карда мешавад; 

Гарав: Мувофиқи ҷадвали талаботҳои гарав

Фоизҳои қарзӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ

Ҳаққи хизматрасонӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ

Усули ҳисоби фоиз: Ҳаррӯза аз рӯи  бақияи қарз

Усули пардохти қарз: Моҳона, пардохтҳои баробар – аннуитет

Пурра пардохти қарз пеш аз мӯҳлат ё қисман пешпардохт: Бе ҷарима бо шарти дархости хаттӣ, иҷозат дода мешавад.

Усули ҳисоби ҷарима барои саривақт напардохтани қарз: 0,3% ба ҳар як рӯзи батаъхирафтода. Ҷарима аз маблағи асосии пардохтнашуда ҳисоб карда мешавад. 

Маълумоти иловагӣ:

  1. Мизоҷоне, ки таърихи қарзии хуб доранд, тахфифи фоизӣ пешбинӣ шудааст;
  2. Меъёри фоизии самараноки солона аз рӯи ҳар як қарз дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад;
  3. Дар ҳолати пурра пардохт нагардидани қарз ва фоизҳои он, ситонидани маҷбурии қарз аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, ба роҳ монда мешавад;
  4. Мизоҷони стандартӣ: Мизоҷони нав ё мавҷудбуда, ки зиёда аз 3 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ё дар давоми 24 моҳи пардохти қарз зиёда аз 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
  5. Мизоҷони бартаринок: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз то 10 рӯзи батаъхирафтода доранд;
  6. Мизоҷони намунавӣ: Мизоҷоне, ки на кам аз 24 моҳ таърихи қарзӣ бо Бонк доранд ва дар пардохти қарз умуман ба дермонӣ роҳ надодаанд.