Кору фаъолият дар АБМХ

03.01.2019

АБМХ Тоҷикистон як бахши шабакаи Агентии Оғохон оид ба маблағгузории хурд (АКАМ) , оилаи ташкилотҳои бонкии байналмилалӣ дар 11 кишвар дар саросари ҷаҳон мебошад. Бонк фазои дастгирикунанда, кор дар гурӯҳро пешниҳод мекунад, ки ба шахсони ботаҷриба ҳаққи омӯзиш, роҳбарӣ ва имконияти боло рафтан дар вазифаро таъмин мекунад. Кормандони мо ба рисолати Бонк боварӣ дошта ва ифтихор мекунанд, ки дар як фазои кории байналмилалӣ кор мекунанд.

Мо ҳамеша дар ҷустуҷӯи кормандони ҳавасманд ва фаъол, ки мехоҳанд дар соҳаи бонкдорӣ ба вазифаҳои баландтар бирасанд мебошем. Вазифаҳо мавҷуданд ё фавран барои номзадҳои болаёқат, ки мехоҳанд ба шахсони воқеӣ, оилаҳо ва фаъолияти соҳибкорӣ барои беҳтар намудани сифати зиндагӣ ба воситаи таъмини хизматрасониҳои молиявии босифат хизмат кунанд, эҷод карда мешаванд.

Мо ба таври қатъӣ боварӣ дорем, ки муваффақияти Бонк аз кормандони ботаҷрибаи он вобаста мебошад. Бинобар ин мо кӯшиш мекунем АБМХро як макони бузург барои кор табдил диҳем.

ФАРҲАНГИ МО
Ӯҳдадор будан барои рушди кормандон

АБМХ ӯҳдадор аст то мардумони болаёқат, бомаҳоратро тавассути ташвиқ, дастгирӣ ва мукофотонидан ҷалб , омӯзиш дода дар фазои рақобатпазир ба кор қабул намояд.

Маҷмуаи васеи омӯзишҳо ва интихоби рушд якҷоя бо пардохти пули таҳсил ба кормандон барои боло бурдани маҳорат, дониш ва захираҳои онҳо пешниҳод карда мешавад то шароити беҳтареро дар заминаи ноил шудан ба ҳадафҳои умумии Бонк дар кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат эҷод карда шавад.

Таъмини фарҳанги эҳтиром

Бонк тамоми кормандон, мизоҷон, таъминкунандагони худро ва дигаронро бо эҳтиром ва садоқат муомила мекунад.

Ӯҳдадорӣ ба ахлоқ дар фаъолият

АБМХ-T ӯҳдадор аст то фаъолиятро ба таври пурра мувофиқи қонунҳо, қоидаҳо ва дастурамалҳо, анъанаву суннатҳо, фарҳанг ва таҷрибаҳои Тоҷикистон пеш барад то баландтарин меъёрҳои ахлоқро риоя намояд. Бинобар ин кормандон бояд фаъолияти АБМХро ба таври зайл пеш баранд:

  • Меъёрҳои баландтарини ахлоқии садоқат ва ихлос мувофиқ бо Кодекси одобу муоширати Бонк
  • Эҳтиёт, кафолати сифат бо сабаби диққат ва маҳорат дар тамоми фаъолиятҳои корӣ;
  • Мувофиқат бо тамоми талаботи қонунӣ ва танзимкунанда  
  • Рафторе, ки ба Бонк ҳам дар вақти корӣ ва ҳам баъди кор таъсири бад нарасонад

АРЗИШҲОИ БА КОР ҚАБУЛКУНИИ МО

АБМХ корфармое мебошад, ки вобаста ба кор қабулкунӣ ва такмили ихтисос, фоидаҳо ва музди меҳнат имконияти баробарро пешниҳод мекунад.

Бонк бар зидди ҳар гуна табъизи ҳар шахс дар асоси нажод, дин, ранг, гендер, син, ҳолати иҷтимоӣ, миллат, тамоюли ҷинсӣ, шаҳрвандӣ, маъюбӣ (ки дархосткунанда ё корманд барои анҷом додани вазифаҳои асосии кор бо ё бидуни шароити маъқул  муносиб аст), ё ҳар ончи дигаре, ки аз тарафи қонун ҳангоми бакоргирӣ, интихоб, ҷоивазкунӣ, ба вазифаи баландтар таъйин кардан ё ҳар шароити дигари корӣ манъ карда шудааст, мебошад. 

Кормандони бонк захираҳои бузургтарини бонк ва калиди амалӣ намудани дидгоҳи Бонк, расидан ба мақсадҳои дароз/кӯтоҳмуддати бонк мебошанд.

АФЗАЛИЯТҲОИ МО

Сиёсати АБМХ пардохти баробар барои кори баробар мебошад. Ҳеч фарқе намекунад, ки корманд дар кадом бахши Бонк кор мекунад, мо кафолат медиҳем, ки маҳорат, садоқат ва муваффақияти корманд эътироф ва мукофотонида мешаванд.

Мо музди меҳнати рақобатпазир пешниҳод мекунем, ки дар тавоноии Бонк барои ҷалб, нигоҳ доштан ва мукофотонидани кормандони шоиста нақши асосиро бозӣ мекунад.

Бонк инчунин афзалиятҳои зеринро низ пешниҳод мекунад:

  • Пардохти рухсатии солона ва дигар рухсатиҳои бо музд ва бе музд;
  • Нақшаҳои суғуртаи тиббӣ;
  • Пардохт барои осоишгоҳҳо;
  • Мӯҳлати муносиби қарз барои кормандон
  • Пардохти кӯмакпулӣ барои хӯрок
Кору фаъолият дар АБМХ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот