ҚАРЗҲОИ ЭКСПРЕСС

Маҳсулоти мазкур барои доираи васеи соҳибкорони хурду миёна, деҳқонон ва кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ, ки ба сифати гарав пули нақд ё тилло пешниҳод менамоянд, пешниход карда мешавад.

Қарзҳои экспресс барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти гуногуни мизоҷон ба монанди рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва кишоварзӣ, хариди молҳои истеъмолӣ, таҳсил, табобат, гузаронидани чорабиниҳои иҷтимоӣ, саёҳат, таъмири манзил, хариди нақлиёт ва ғайра, пешбинӣ шудааст.

Барои гирифтани маълумоти мушаххас оиди тарофаҳои бонкӣ аз ҷадвали зерин истифода баред: тарофаҳо

Воситаҳои гардон, асосӣ ва дигар мақсадҳо

Маблағи минималӣ: 100 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ

Маблағи максималӣ: 100 000 Доллари ИМА ва ҳамарзиши он бо сомонӣ

Асъор: Доллари ИМА ва Сомонӣ

Воситаҳои гардон

Мӯҳлати минималӣ: 1 моҳ

Мӯҳлати максималӣ: 24 моҳ

Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ: 2 моҳ

Воситаҳои асосӣ ва дигар мақсадҳо

Мӯҳлати минималӣ: 6 моҳ

Мӯҳлати максималӣ: 48 моҳ

Мӯҳлати имтиёзӣ барои пардохти маблағи асосӣ: 4 моҳ

Воситаҳои гардон, асосӣ ва дигар мақсадҳо

Саҳми қарзгиранда: Талаб карда намешавад

Зомин: Талаб карда намешавад

Гарав: Пули нақд ва тилло

Фоизҳои қарзӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ

Ҳаққи хизматрасонӣ: Мувофиқи тарофаҳои маҳсулотҳои қарзӣ

Усули ҳисоби фоиз: Ҳаррӯза аз рӯи  бақияи қарз

Усули пардохти қарз: Моҳона, пардохтҳои баробар – аннуитет

Пурра пардохти қарз пеш аз мӯҳлат ё қисман пешпардохт: Бе ҷарима бо шарти дархости хаттӣ, иҷозат дода мешавад.

Усули ҳисоби ҷарима барои саривақт напардохтани қарз: 0,3% ба ҳар як рӯзи батаъхирафтода. Ҷарима аз маблағи асосии пардохтнашуда ҳисоб карда мешавад.

 Маълумоти иловагӣ:

  1. Меъёри фоизии самараноки солона аз рӯи ҳар як қарз дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад;
  2. Дар ҳолати пурра пардохт нагардидани қарз ва фоизҳои он, ситонидани маҷбурии қарз аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, ба роҳ монда мешавад;