Иқдоми қарзии “Баракати баҳор”

24.02.2023

Ба муносибати баҳори оламафрӯз ва “Наврӯзи аҷам” ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” меъёри фоизиро паст намуда, иқдоми қарзии “Баракати баҳор”-ро бо беҳтарин имтиёзҳо пешниҳод мекунад. 

Қарзҳо аз 500 000 сомонӣ то 3 000 000 сомонӣ буда, бо асъори миллӣ аз 16 фоиз солона ва асъори хориҷӣ (доллари ИМА) аз 7 фоиз солона иборат мебошанд.

Иқдоми мазкур қарзҳои соҳибкориро барои доираи васеи соҳибкорон ва ташкилотҳои хурду миёна, занони соҳибкор ва қарзгирандагоне, ки ба савдо, истеҳсолот ва хизматрасонӣ машғуланд, пешниҳод менамояд. Ин иқдом баҳри рушди соҳибкорӣ, беҳбуди сифати зиндагии мардум ва мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст. Паст кардани меъёри фоизӣ баҳри дастгирии мизоҷон барои қонеъ кардани ниёзҳои онҳо тавассути пешниҳоди дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва бонкӣ мебошад.

Иқдоми мазкур аз 16-уми феврали соли 2023 то 30-уми апрели соли 2023 давом мекунад. 

Дар иқдом таҷриба ва собиқаи қарзии соҳибкор ба назар гирифта шуда, дар асоси он имтиёзҳо низ пешниҳод карда мешавад. 

Фоизи солона барои қарзҳои аз 500 000 то 1 000 000 сомонӣ:

Қарзгиранда Бо сомонӣ Бо доллари ИМА
Нав 20% 11%
Мавҷудбуда, ки қарзи ҷориро мехоҳад пурра пардохт намояд  19% 10%
Қарзи параллелӣ 18% 9%
Бо гарави тилло ё суратҳисоби бонкӣ 16% 7%

Фоизи солона барои қарзҳои аз 1 000 000 то 3 000 000 сомонӣ:

Қарзгиранда Бо сомонӣ Бо доллари ИМА
Нав 19% 10%
Мавҷудбуда, ки қарзи ҷориро мехоҳад пурра пардохт намояд  18% 9%
Қарзи параллелӣ 17% 8%
Бо гарави тилло ё суратҳисоби бонкӣ 16% 7%

 Бояд гуфт, ки Аввалин бонки молиявии хурд илова ба дафтари марказии худ дар шаҳри Душанбе, инчунин, дар минтақаи Рашт — ноҳияи Ғарм, ВМКБ — шаҳри Хоруғ, вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд, вилояти Хатлон — шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар филиалҳо дорад. Ду филиали шаҳри Душанбе, ки ба онҳо 36 МХБ (Маркази хизматрасонии бонкӣ), ки ба ноҳияҳои наздишаҳрӣ ва деҳоти атроф пайванд мебошанд, хизматрасонӣ менамоянд.

Ба ғайр аз иқдоми васеъи “Баракати баҳор” Бонк дар ин мавсим иқдоми қарзии “Занони соҳибкор-2023” ва “Ҳосили фаровон”-ро низ бо беҳтарин имтиёзҳо амалӣ менамояд.

Барои рушд ва пешбурди ҳама гуна тиҷорат дар тамоми соҳаҳои фаъолият дастгирии бахши молиявӣ муҳим ва зарур аст. Имрӯз, Аввалин бонки молиявии хурд барои қонеъ гардонидани интизориҳои муштариён, таъмини захираҳои молиявии дастрас ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо пайваста кӯшиш менамояд.

Аввалин бонки молиявии хурд шарики рушди шумо аст!

www.fmfb.tj

Маркази тамос: 0909

Иқдоми қарзии “Баракати баҳор” — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот