Интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ

01.12.2019

Интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ)

Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки аз 3 декабри соли 2019 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтии Юнистрим, ки ба ММПИМ пайваст шудааст,  анҷом дода мешаванд.

Бинобар ин, ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд, ки аз санаи 3 декабри соли 2019, амалиёти интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба ҷумҳурӣ ва аз ҷумҳуриро, танҳо тавассути ММПИМ ва низомҳои пардохтие, ки ба он пайваст шудаанд, анҷом диҳанд.

Интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот