Мизоҷони мо

IMG_5363

Аз оғози фурӯши содда ба бизнеси аъло
Аввалин бонки молиявии хурд — Тоҷикистон
Мизоҷ Лола Ҷобирова
Макон Душанбе

Дар 45-умин соли умраш, Ҷобирова Лола соҳибкори муваффақ дар пойтахти Тоҷикистон соҳиби толори калон, ки дар он 52 нафар кор мекунанд, мебошад. Саршавиаш хеле содда буд. Дар натиҷаи барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1990 ва таъсири мусбии он ба зиндагии мардум, Лоларо водор кард, ки аз кор барояд. Шавҳараш, баъди ба итмом расонидани хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ба кофтани кор машғул шуд. Барои ба воя расонидани фарзандонаш, Лола, дар якҷоягӣ бо хушдоманаш, тиҷоратро оғоз карданд. Шавҳари ӯ низ ба онҳо ҳамроҳ шуд. Рӯзҳои аввал хеле душвор буд, зеро ӯ барои харидани маводҳо қобилияти ва маблағи кофӣ надошт. Ӯ натавонист аз ҳисоби дӯстон ва хешовандонаш пул ҷамъ кунад, ва бонкҳо ҳам дархости гирифтани қарзро рад карданд. Аввалин бонки молиявии хурд ба наҷоташ омада, дар соли 2004 қарзи аввалини худро гирифта буд. Дар давоми рӯзҳои аввали ӯ, курпаҳоро худаш духта дар бозор мефурӯхт. Лола на ҷои зист дошту, на ҷои фуруш дар бозор. Дар муддати шаш моҳ ӯ қарзи худро аз 600 сомонӣ (270 доллари ИМА) пардохт кард ва аз Бонк қарзҳои зиёдтарро ба даст овард, ки тиҷораташро сайқал дихад. Вай ду зани дузандаро аз кор таъмин кард, ки дар духтани курпача кумак мекарданд. Баъд аз он, ӯ ҳеҷ гоҳ ба ақиб нанигарист. Маводҳои худро аз Чин ва Туркия меовард, ки курпаҳои хеле ороишӣ бо тарҳҳои мураккабе, ки фарҳанги Тоҷикистонро инъикос мекунанд, эҷод кунад. Оҳиста оҳиста Лола тиҷораташро васеъ карда 40 нафар занони сохибҳунарро аз кор таъмин кард, ки чортои онҳо занҳои қобилияти шунидан ва гап заданашон маҳдуд ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Акнун ӯ дорои толори 570 метри мураббаъ буда, 32 адад мошинаи дӯзандагӣ харидорӣ намудааст. Вай стратегияҳои «гирифтани фармоиш» ва «захира кардани маҳсулоти таёр»ро ба пеш мебарад. Лола Ҷобирова бо беморхонаҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва толорҳои тӯй барои бастани шартномаҳо оид ба интиқол намудани маҳсулотҳояш, дар талош ҳастанд.

Имруз Ҷобирова  бо шавҳараш ва чор фарзандаш дар хонаи худ зиндагӣ мекунад ва хоҳиши фиристондани фарзандонашро барои таҳсилоти олӣ ба хориҷа дорад. Лола тавонист се хонаро дар шаҳр харидорӣ кунад. Духтар ва шавҳари духтараш низ дар талоши боз ҳам васеътар намудани тиҷорати оилавӣ мебошанд. Қарзҳои охирини ӯ аз АБМХ зиёда аз 1,300 маротиба (800 ҳазор сомонӣ) зиёдтар аз қарзи аввалинаш, ки дар соли 2004 ба гирифта буд, мебошад. Ҳисоби муомилоти Лола тақрибан 7,500 доллари ИМА-ро дар як моҳ ташкил медиҳад. Барои васеъ ва диверсификатсияи тиҷораташ Лола тиҷорати фурӯши хонаҳоро оғоз кард. Мизоҷ, ҳамчунин як мағозаи тиҷоратӣ, ки дар он 12 нафар кормандон фаъолият мекунанд, кушод. Лола Ҷобирова ният дорад, ки минбаъд тиҷорати худро аз тариқи кушодани мағозаҳо барои ҷалби сайёҳон низ идома диҳад.