Лоихаи пардохти музди мехнат

АБМХ хизматрасонии муносибро барои идоракунии пардохти музди меҳнат аз номи шахсони воқеӣ, ки мизоҷони Бонк мебошанд пешниҳод мекунад. Ҷараёни мазкур содда буда ва бартариҳои зиёдеро барои ташкилотҳо ва кормандони онҳо пешкаш мекунад.

Ин чӣ гуна амал мекунад

  • Ташкилот барои хизматрасони пардохти музди меҳнат ба воситаи АБМХ пайваст мешавад. (Дар зер ба “ Чӣ гуна барои хизматрасонии пардохти музди меҳнат пайваст шуд” нигаред)
  • АБМХ-Tкортҳои бонкӣ барои шахсони воқеӣ барои кормандон таҳия мекунад (агар онҳо алакай ягонто надошта бошанд)
  • Дар рӯзи пардохт, ташкилот пардохти ягонаро ба АБМХ мутаносиб ба тамоми маблағи музди меҳнат анҷом медиҳад ва оид ба миқдори музди меҳнат, ки бояд ба ҳар як корманд пардохт карда шавад тафсилот пешниҳод мекунад
  • АБМХ маблағи муносиби музди меҳнатро ба кортҳои бонкии ҳар як корманд ворид мекунад. (бубинед Чӣ гуна музди меҳнат ба суратҳисоби корманд гузаронида мешавад)
  • АБМХ оид ба пардохти анҷомдода ба ташкилот ҳисобот пешниҳод мекунад

Афзалиятҳо барои ташкилот

  • Ҷараёни осон, ки вақт ва пулро барои ҷараёни оддии пули нақди пешниҳоди музди меҳнат ба кормандон сарфа мекунад
  • Гардиши пули нақдродар худи ташкилот коҳиш медиҳад
  • Ташкилотҳо танҳо пардохти ягонаба АБМХ барои ҳар як давраи пардохт анҷом медиҳад ва боқимондаро мо анҷом хоҳем дод
  • Махфияти қатъӣбарои ҳар як пардохти анҷомшуда барои кормандон нигоҳ дошта мешавад

Афзалиятҳо ба кормандони ташкилот

  • Интиқоли автоматикии музди меҳнат ба корти бонкии корманд– он рӯзҳо гузаштанд, ки ба шумо лозим буд дар назди хазина ё бонк барои гирифтани музди меҳнати худ дар навбат истед
  • 24/7дастрасӣ ба пул тавассути банкоматҳо дар тамоми кишвар
  • Назораи осон ва самараноки хароҷотҳоятон–бо дархости корманд Бонк ба таври автоматикӣ моҳона маълумоти суратҳисоби кортро тавассути почтаи электронӣ мефиристад ё корманд метавонад ин баёнияро тавассути интернет банкинг ҳар вақт анҷом диҳад
  • Бехатарии пули шумо кафолат дода мешавад– бонк бехатар нигоҳ доштани пулро дар корти шумо кафолат медиҳад ва корти шуморо метавонад фавран дар сурати гум шудан ё дуздӣ қатъ кунад.
  • Интиқоли онлайни пулаз корти шумо ба кортҳои дустонатон, ки аз банкоматҳо, постерминалҳо ё интернет банкинг истифода мекунанд
  • Пардохти осонбо истифодаи корти бонкӣ бидуни ниёз ба ҳамли пули нақд

Чӣ гуна ба хизматрасонии пардохти музди меҳнат метавон пайваст шуд

  • Барои пайваст шудан ба хизматрасонии пардохти музди меҳнат лутфан бо мо дарcard@fmfb.com.tjor 2289310, 2289311 дар тамос шавед
  • Ҷараёни бақайдгирӣ содда мебошад:
    • Ташкилот ва Бонк шартнома оид ба шартҳои судур ва истифодаи корти пардохти музди меҳнатро имзо мекунанд
    • Бонк барои ташкилот суратҳисоби ҷорӣ мекушояд (агар алакай надошта бошад), ки маблағи пардохти музди меҳнат ҳар давра ба он ворид карда мешавад
    • Ташкилот ба Бонк дархости пурра, ки маълумоти ҳар як кормандро дар бар мегирад пешниҳодмекунад
    • Бонк суратҳисоби ҷориро (Суратҳисоби махсуси корт) кушода барои ҳар як корманд корти плостикӣ содир мекунад
    • Ташкилот маблағи солонаи кортҳои плостикиро ва инчунин комиссияи гирифтани пули нақдро пардохт мекунад.
    • Бонк оид ба истифодаи кортҳои плостикӣ ва банкомат барои кормандони ташкилот омӯзиш мегузаронад

Чӣ гуна музди меҳнат ба суратҳисоби корманд интиқол дода мешавад

  • Ташкилот ба Бонк варақаи пардохт бо нишон додани маблағи умумии пардохтшавандаро ба кормандон ва рӯйхати музди меҳнати кормандонро мефиристад
  • Бонк маблағи муайяншудаи рӯйхатро ба суратҳисобҳои кормандони ташкилот интиқол медиҳад. Маблағҳо дар худи ҳамон рӯз дастрас хоҳанд буд агар варақаи пардохт ва рӯйхат пеш аз соати 16:00 дарёфт гардад.

Комисияи гирифтани пули мувофиқ бо маблағи пардохтшаванда аз тарафи Бонк аз суратҳисоби ҷории ташкилот гирифта мешавад.