Сабдавлат Ошурмамадова барандаи ҷоизаи «Топ 50».

26.12.2022
   12 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенсӣ» маросими супурдани ҷоизаи миллии «TOP 50», ки аз ҷониби Ширкати телевизион ва радиои «Ватан» баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин маросим қадрдонӣ кардани саҳми шахсӣ ва касбии одамон дар тараққиёти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвари мо мебошад.
   Роҳбари МХБ-и Аввалин Бонки молиявии хурд дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ, Сабдавлат Ошурмамадова барандаи ҷоизаи «Топ 50» гардид.
Ноҳияи Мурғоб яке аз дурдасттарин ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Баландии инминтақа аз сатҳи баҳр 3450 метро ташкил медиҳад. Сарфи назар аз шароити душвори иқлимии зиндагӣ дар ин минтақа, Сабдавлат Ошурмамадова ба ҳайси Роҳбари МХБ-и бонк баҳри рушди ин минтақа тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии муносиб ба мизоҷон, кор ва фаъолият менамояд. Бо назардошти таҷрибаи 17-солаи худ дар соҳаи хизматрасонии бонкӣ Сабдавлат Ошурмамадова воқеан сазовори ин ҷоиза аст.
   Аввалин Бонки молиявии хурд дар навбати худ рушди иҷтимоии минтақаҳои дурдасти кишварамонро фаъолона дастгирӣ намуда, барои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ имконият фароҳам меорад.
Бонк, дар навбати худ, Сабдавлат Ошурмамадоваро бо ҷоиза мазкур табрик намуда ,ифтихор аз он дорад, ки тими мо чунин мутахассисони болаёқат ва кордон дорад.
Сабдавлат Ошурмамадова барандаи ҷоизаи «Топ 50». — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот