Хизматрасониҳои пардохтҳои онлайн аз Аввалин бонки молиявии хурд

20.12.2018
pay.fmfb.tj/

Аввалин бонки молиявии хурд  бо камоли хушнудӣ роҷеъ ба ҷорӣ намудани хизматрасониҳои нави пардохтҳои дарунхаттӣ (онлайн) иттилоъ медиҳад. Акнун тамоми соҳибони кортҳои системаи пардохтҳои миллии «Корти Миллӣ» метавонанд тавассути кортҳо хизматрасониҳои коммуналиро пардохт намуда, ҳисоби телефонӣ дастии худро пур карда ва маблағҳоро аз корт ба корт ба таври воқеӣ дар давоми 24/7 гузаронанд ва инчунин дархост барои дарёфт кардани интиқоли пул ба корти худ аз ҷумла ба «Корти Осон»ро  ба расмият дароранд.

Аввалин Бонки молиявии хурд  интиқоли ғайринақдии пулро тавассути кортҳо комилан ройгон пешниҳод мекунад. Илова бар ин мизоҷон метавонанд ҳар вақт ҳисоби телефонҳои мобилии худро аз операторҳои мобилии Тсел, Бабилон, Билайн ва Мегафон пур намуда, хизматрасони коммуналиро пардохт карда ва маблағҳоро аз як корт ба корти дигари системаи пардохти миллии «Корти Миллӣ» интиқол диҳанд.

Банк дар нақша дорад, ки хизматрасонии пардохти қарзҳоро шурӯъ намуда ва инчунин барои бақайдгирии мизоҷ бо мақсади осон намудани ҷараёни пардохт ва анҷом додани интиқоли пул утоқи хусусӣ ташкил кунад. «Акнун барои пур кардани ҳисоби телефони мобилӣ ва пардохти хизматрасониҳо ба шумо лозим нест, ки пули нақд гиред, балки танҳо ба сомонаи pay.fmfb.tj/ аз компютер ё телефонҳои ҳушманд ворид шавед» қайд намуд сардори раёсати хизматрасониҳои бонкӣ Амид Ташрифбеков. АБМХ-Т хизматрасониҳои пурраи соҳаи бонкдориро тавассути шабакаи худ дар кишвар, ки аз 7 филиал ва 30 маркази хизматрасонии бонкӣ иборат мебошад пешниҳод мекунад. Шабака тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз ҷумла ноҳияҳои дурдасти кишварро, ки ҳузури дигар ташкилотҳои молиявӣ маҳдуд мебошад фаро мегирад.

Хизматрасониҳои пардохтҳои онлайн аз Аввалин бонки молиявии хурд — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот