Аз донишгоҳҳо то мактаб: баргузории семинарҳои саводнокии молиявӣ

29.04.2024

Семинарҳои маърифати молиявии Бонк, ки дар доираи сиёсати «Саводнокии молиявӣ»-и Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, инак дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва Муассисаи давлатии Литсей барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид.

Дар ин семинарҳо баҳри рушди тафаккури иқтисодии донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои мазкур мутахассисони ботаҷрибаи Бонк дар бораи “Муҳиммияти пардохти ғайринақдӣ”, “Тарзи истифодаи дурусти кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ”, “Пешгирии амалҳои қаллобӣ дар низоми бонкӣ” ва “Саводнокии молиявӣ — кафили муваффақият” маълумот дода, бозиҳои ҷолиб ташкил намуданд.

 

Аз донишгоҳҳо то мактаб: баргузории семинарҳои саводнокии молиявӣ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот