Аҳaмияти пардохти ғайринақдӣ ва имкониятҳои Аввалин бонки молиявии хурд дар ин самт

05.08.2024

Давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ бузург меъёри ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро барои кишвари худ асос дониста ва тибқи стандартҳои муосири он соҳаҳои иқтисоди худро ба роҳ мондаанд. Имрӯз аксари кишварҳои Аврупо комилан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ гузашта ва аз манфиатҳои он фаъолона истифода мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ баъд аз ба даст овардани истиқлолият ва мустақилияти иқтисодӣ сол аз сол барои пешбурди соҳаи иқтисоди худ барномаҳои муҳим қабул карда ва дар асоси он амал менамояд. Яке аз чунин барномаҳои муҳимми кишвар, ки дар аксари лоиҳаҳои стратегӣ омадааст, ин зина ба зина гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад. Ҳоло дар ин замина мувофиқи дустурҳои Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии кишвар фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Аҳамияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва давра ба давра гузариш ба он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 23-уми декабри соли 2022 баён гардидааст,  махсус зикр карда мешавад.  Ҳамчунин, дар ин самт 22-уми июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ба имзо расид, ки тибқи он пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд — хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” имрӯзҳо ба соҳаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, давра ба давра талош мекунад, то дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Яке аз самтҳои стратегӣ ва дурнамои фаъолияти Бонк низ маҳз ба соҳаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ нигаронида шудааст. Яъне Аввалин бонки молиявии хурд гузариш ба пардохти ғайринақдии кишварро, ки яке аз соҳаҳои пешбурди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад, асоси фаъолияти худ қарор додааст.

Соли гузашта ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” барномаи мобилии худро бо унвони “FMFB MOBILE” бо тарҳи одӣ, қулай ва бехатар ба мизоҷон пешниҳод кард, ки он зиёда аз 400 намуди амалиётро иҷро менамояд. Бо пешниҳоди барномаи мазкур, “Аввалин бонки молиявии хурд” кӯшиш кардааст, барои сокинони кишвар заминае фароҳам оварад, ки то амалиётҳои бонкиро онлайн, осон ва қулай иҷро кунанд. Интерфейси корбарии ин барнома хеле сода тарҳрезӣ шудааст, то истифодаи он низ ба ҳамагон осон ва фаҳмо бошад. Дар замимаи мобилӣ мизоҷон метавонанд, тамоми суратҳисобҳои худро идора кунанд, маҳсулоти нав кушоянд ва ба дастгирии техникӣ муроҷиат намоянд. 

Аҳaмияти пардохти ғайринақдӣ ва имкониятҳои Аввалин бонки молиявии хурд дар ин самт — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот