Аҳaмияти пардохти ғайринақдӣ ва имкониятҳои Аввалин бонки молиявии хурд дар ин самт

15.06.2023

Иқтисод самтҳои гуногунро доро мебошад. Аз ин рӯ, пешрафти иқтисодӣ низ дар умум аз тамоми самтҳо ва бахшҳои он сарчашма мегирад. Яке аз бахшҳои муҳим ва муосири пешрафти иқтисодӣ ин пардохти ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад. Олимон, коршиносон ва таҳлилгарони соҳаи иқтисоди байналмилалӣ нақши пардохти ғайринақдиро дар пешрафти иқтисодӣ муҳим мешуморанд. Давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ бузург низ меъёри пардохти ғайринақдиро барои кишвари худ асос дониста ва тибқи стандартҳои муосири он соҳаҳои иқтисоди худро ба роҳ мондаанд. Имрӯз аксари кишварҳои Аврупо комилан ба пардохти ғайринақдӣ гузашта ва аз манфиатҳои он фаъолона истифода мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ баъд аз ба даст овардани истиқлолият ва мустақилияти иқтисодӣ сол аз сол барои пешбурди соҳаи иқтисоди худ барномаҳои муҳим қабул карда ва дар асоси он амал менамояд. Яке аз чунин барномаҳои муҳимми кишвар, ки дар аксари лоиҳаҳои стратегӣ омадааст, ин зина ба зина гузариш ба пардохти ғайринақдӣ аст. Ҳоло дар ин замина мувофиқи дустурҳои Бонки миллии Тоҷикистон аксари ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Аҳамияти пардохти ғайринақдӣ ва давра ба давра гузариш ба он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 23-уми декабри соли 2022 баён гардидааст,  махсус зикр карда мешавад.

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” аз оғози фаъолияти худ ба соҳаи пардохти ғайринақдӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, давра ба давра талош мекунад, то дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Яке аз самтҳои стратегӣ ва дурнамои фаъолияти Бонк низ маҳз ба соҳаи пардохти ғайринақдӣ равона карда шудааст. Яъне Аввалин бонки молиявии хурд гузариш ба пардохти ғайринақдии кишварро, ки яке аз соҳаҳои пешбурди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад, асоси фаъолияти худ қарор додааст.

Ҳанӯз чанд сол қабл, яъне дар оғози иқдомҳои гузариш ба пардохти ғайринақдӣ дар Тоҷикистон Аввалин бонки молиявии хурд платформаи онлайнии www.pay.fmfb.tj-ро таъсис дод, ки якчанд амалиётҳоро иҷро менамояд. Платформаи мазкур ҳар сол давра ба давра навсозӣ гардида ва ба он меъёрҳои нави хизматрасонии бонкӣ ворид карда мешаванд. Бо истифода аз www.pay.fmfb.tj миҷоз метавонад, пардохти хизматрасониҳои комуналӣ, интиқоли маблағи байни Корти миллӣ, қабули маблағи интиқолшуда ва дигар хизматрасониҳои бонкиро иҷро намояд.

Аввалин бонки молиявии хурд бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, дар соҳаи пардохти музди маош ҳамкорӣ дошта, амалиёти мазкурро аз рӯйи меъёрҳои байналмилалии соҳа иҷро менамояд.

Ҳамчунин, дар Бонк низомҳои пардохтии Корти миллӣ ва VISA барои иҷрои амалиётҳои ғайринақдӣ пешниҳод карда карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, имрӯзҳо Бонк кӯшиш дорад, ки инфросохтори пардохтии худро барои қабулу пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо пурра аз рӯйи стандарҳои муосири байналмилалӣ омода созад.

Аҳaмияти пардохти ғайринақдӣ ва имкониятҳои Аввалин бонки молиявии хурд дар ин самт — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот