Бехтарин корманди қарзии АБМХ

28.02.2017

Бехтарин корманди қарзии АБМХ — Хушбахт Акимбеков
28.02.2017
Бехтарин корманди қарзии АБМХ — Хушбахт Акимбеков
Акимбеков Хушбахт Андалибович дар таърихи 26.04.1991с. дар ш. Душанбе ба дунё омадаст. Маълумоти олиро дар Донишгохи Миллии Точикистон соли 2013, факултаи «Амалисозии Технологияи Иттилоотӣ дар иқтисод» бо ихтисоси «Муҳандиси иқтисод» хатм намудааст.

Таҷрибаи кории худро аз соли 2007 ҳамчун корманди худихтиёрӣ дар корхонаи ғайридавлатии «Кея Интернатионал Тоҷикистон» оғоз намудааст. Баъдан дар «Меҳмоннавозии – Маркази Исмоилияи ш.Душанбе» фаъолият намудааст, ва пас аз он дар Фонди Хайрия барои кудакони бепарастор «Мушкилосон» кор кардааст. Охиран ҳамчун таҷрибаомуз дар ҶСП «Аксесс Бонк Тоҷикистон» фаъолияти худро давом додааст.

Хушбахт Акимбеков аз 05.02.2014с. дар ҶСП АБМХ корро оғоз намуд. Аз аввали фаъолияташ Ӯ ҳамчун Корманди қарзии хурд дар филиали ҶСП АБМХ н. Сино, ш. Душанбе, МХБ-и ноҳияи Фирдавсӣ кор кардааст ва баъди он ба ҳайси Мутахассиси қарзии соҳибкории хурду миёна гузаронида шуда, то ҳоло бо муваффақият фаъолият карда истодааст.

Дар давоми 3 соли фаъолияти кориаш Хушбахт Акимбеков худро ҳамчун корманди масъул ва ташабускор нишон дода, вазифаҳои кориашро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро карда истодааст. Дорандаи сифатҳои хуби касби буда, барои ба куллаҳои баланди касбӣ ва таҷрибавӣ расидан кушиш мекунад. Якчанд бор ғолиби унвони “Беҳтарин мутахассиси қарзии моҳ” шудааст.

Аз руи натиҷаҳои озмуни касбӣ барои унвони «Беҳтарин мутахассиси қарзӣ дар соли 2016» Хушбахт ҳамчун сазовори унвони ғолиб гардида бо Ифтихорномаи фахрӣ ва мукофоти пулӣ мукофотонида шуд.

Бехтарин корманди қарзии АБМХ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот