Аввалин бонки молиявии хурд дар Рӯзи касбу кор
Кормандони бахши HR-и Бонк дар чорабинии Рӯзи касбу кор, ки 23-юми сентябр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор гардид, имкониятҳо ва бартариятҳои кориро дар Аввалин бонки молиявии хурд муаррифӣ намуда, ба иштирокчиёни он тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамчунин, барои ҷавонони боҳадафи чорабинӣ аз ҷониби намояндагони Бонк ҷиҳати расидан ба мақсаду орзуҳои касбиашон роҳҳои бартару сазовортар пешниҳод карда шуд.
Бояд гуфт, дар Рӯзи касбу кор ҷавонони зиёде баҳри омӯзиш ва ба даст овардани маслиҳатҳои касбӣ аз роҳбарони соҳаҳои захираҳои инсонӣ, технологияи иттилоотӣ ва маркетинг ташриф оварда буданд.
Аввалин бонки молиявии хурд ҷавонони соҳиблаёқат, донишманд ва соҳибкасбро ҳамеша дастгирӣ намуда, ба онҳо баҳри расидан ба ҳадафҳояшон дар амалӣ намудани идеяҳои бартари касбӣ шароити мусоид фароҳам меорад.