Аввалин бонки молиявии хурд шабакаи хизматрасонии бонкиро тавсеа медиҳад

02.01.2019

Аввалин Бонки молиявии хурд бо камоли хушнудӣ ифтитоҳи ду маркази нави хизматрасонии бонкиро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд дар арафаи соли нави 2019 хабар медиҳад. Бонк фаъолона шабакаи хизматрасониро дар тамоми Тоҷикистон тавсеа бахшида ва тамоми бахшҳои хизматрасонии бонкиро ба мардум пешниҳо мекунад. Кушодашавии дафтарҳои нав ба Бонк имконият медиҳад то ба ҳар миҷоз наздиктар шавад ва барои тамоми мизоҷон дастрасӣ ва сатҳи босифати хизматрасониҳоро таъмин намояд.

Ҳоло бошад тамоми мизоҷон имконият доранд то аз марказҳои нави хизматрасонии бонкии мо боздид намуда, бо меъёрҳои фоизи судманд қарз гирифта,  суратҳисоби амонтӣ ва ҳисоби корт кушода, бидуни кушодани суратҳисоб интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд, маблағҳои пулиро тавассути корти бонки ба пули нақд дарёфт кунанд, амалиётҳои мубодилаи асъорро анҷом диҳанд ва аз дигар хизматрасониҳо истифода баранд.

Дар айни замон Аввалин бонки молиявии хурд 7 филиал ва 32 маркази хизматрасонии бонкӣ дорад.  Шабака тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз ҷумла ноҳияҳои дурдасти кишварро, ки дастрасӣ ба маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявӣ маҳдуд мебошад фаро мегирад.  Бонк мақсад дорад, ки сифати зиндагиро тавассути пешниҳод кардани хизматрасониҳои молиявии босифат ба мардум беҳтар намуда ва инчунин мақсадҳои рушди босифатро дастгирӣ кунад.

Мо аз боздиди шумо аз дафтарҳои навамон хушҳол хоҳем шуд. Аввалин бонки молиявии хурд –  шарики рушди шумо.

Аввалин бонки молиявии хурд шабакаи хизматрасонии бонкиро тавсеа медиҳад — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот