Аз қаллобон эҳтиёт шавед!
29.05.2024
Диққат!!!
Аз ҳар яки шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо ҳушёрӣ худро аз дом ва фиребҳои қаллобон эмин нигоҳ доред.
Лутфан рамзҳои SMS, кодҳои ҳамёнҳои электронӣ ва маълумоти шиносномаатонро ба шахсони бегонаву ношинос надиҳед, ҳатто агар онҳо худро ба шумо корманди оператор ё бонк муаррифӣ кунанд. Имрӯзҳо қаллобон бештар аз мардуми оддӣ истифода карда, боварии онҳоро бо роҳу воситаҳои гуногун ба даст меоранд.
Ҳамеша эҳтиёткор ва ҳушёр бошед, то ба доми қаллобон гирифтор нашавед.
Аввалин бонки молиявии хурд!