Азнавкунии Пурсишномаи шакли “Муштарии худро бидон”

20.05.2019

Мизоҷони мӯҳтарам!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Пурсишномаи шакли “Муштарии худро бидон” бояд барои ҳамаи мизоҷон дар мавридҳои талабкардашуда, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамалҳои дахлдори  Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини назорат ва пешгирии хавфҳои дахлдор талаб карда мешавад, аз нав карда шаванд. Барои ҳамин аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  маълумотҳои Пурсишномаи шакли “Муштарии худро бидон”-ро мувофиқи дархости Бонк аз нав намоед. Азнавкунии Пурсишнома тақрибан то 30 дақиқаи вақти Шуморо талаб менамояд. Пурсишномаро аз филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва ё сомонаи бонк www.fmfb.tj, мавқеъи “Ҳуҷҷатҳо” дастрас намоед. 

Боиси қайд аст, ки гузаронидани амалиётҳои дебетӣ барои суратҳисобҳои мизоҷоне, ки Пурсишномаро дар мӯҳлати муайяншуда аз нав накардаанд иҷозат дода намешавад. 

Бонк кафолат медиҳад, ки маълумотҳои аз тарафи Шумо пешниҳодшуда мувофиқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Барои ҳамкорӣ миннатдории худро изҳор менамоем.

Бо камоли эҳтиром,

ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд»

Азнавкунии Пурсишномаи шакли “Муштарии худро бидон” — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот