ТАРЗИ ИСТИФОДА БУРДАНИ КОРТҲОИ БОНКӢ

ТАРЗИ ИСТИФОДА БУРДАНИ КОРТҲОИ БОНКӢ
ҶСП «Аввалин Бонки Молиявии Хурд»
 (Замима #2 ба Шартнома дар бораи хизматрасонӣ бо кортҳои бонкии пластикӣ)

1. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

1.1 Тартиби мазкур ба Муштарӣ барои шиносшавӣ ва татбиқнамоӣ дода мешавад. Ҳангоми истифодабарии корт Муштарӣ бояд шарт ва талаботҳои дар поён овардашударо риоя кунад.

1.2 БКорти тайёршударо Бонк бевосита ба Муштарӣ месупорад. Додани корт ба шахсони дигар барои истифодабарӣ манъ аст. Корте, ки аз тарафи шахси ваколатнадошта пешниҳод шудааст, аз ӌониби Бонк мусодира карда мешавад.

1.3 Истифодабарии корти пардохтии бонкӣ ҳамчун амалиёти ғайринағдӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи он тибқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоӌикистон, Шартномаи байни Бонк ва Муштарӣ басташуда ва қоидаҳои зерин ба танзим дароварда мешавад:

2. ГИРИФТАН ВА ИСТИФОДА БУРДАНИ КОРТ

2.1. Дорандаи корт бояд ҳатман дар назди корманди Бонк кортро дастрас намуда, бо имзои худ тасдиқ намояд.

2.2. Мӯҳлати корт то санае, ки дар рӯи он нишон дода шудааст эътибор дорад.

2.3. Корт ҳамчун усули шахсии пардохт ба ҳисоб меравад. Танҳо он шахсе, ки номи пурраи он дар рӯи корт чоп шудааст ва имзояш аз тарафи дигари корт гузошта шудааст, метавонад кортро истифода барад. Супоридани корт ва ПИН-коди он ба шахси дигар қатъиян манъ аст.

2.4. ДБарои гузаронидани амалиёти кортӣ дар  корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ, инчунин дар нуқтаҳои пардохти пули нақд, Дорандаи корт ба корманди нуқтаи хизматрасонӣ кортро пешниҳод менамояд; барои гузаронидани амалиёти кортӣ дар низоми худхизматрасонӣ — амалиётро мустақилона дар банкоматхо амалӣ мекунад. Дар вақти истифода бурдани корт барои пардохти мол ё хизматрасониҳо  он рақами дурусти пурраи корт, маблағ, ва санаи амалиётро дида баромада, дар чек имзо мегузорад. Дорандаи корт барои дуруст будани маълумоти дар ҳуӌӌатҳо нишон додашуда ӌавобгар аст. Амали гирифтани пули нақд дар банкомат дар сурати иӌро кардани ҳамаи амалиётҳои заруриаш набояд рад карда шавад.

2.5. Дорандаи корт бояд роҳ надиҳад, ки рақами кортӣ ба шахси дигар маълум шавад. Ҷинояткорон метавонанд маълумотро дар барои реквизитҳои корт барои амали кардани амалиётҳои ӌиноятӣ аз суратҳисобатон истифида баранд. Бонк ба соҳибони кортҳо чунин тавсияҳоро пешниҳод менамояд:

a) дар ҳеӌ сурат кортро, махсусан ПИН-коди кортро ба шахсони бегона (ҳатто ба хешовандон ё ин ки дӯстон) супоридан мумкин нест. Ҳангоми гирифтани лифофа фавран PIN-кодро аз ёд намуда, лифофа ва варақаи иловагиро несту нобуд созед. Бонк барои паҳннамоии PIN-кои корт аз тарафи соҳиби он, ки ба кормандони Бонк маълум нест ва дар мўхлати истифодабарии корт бояд аз тарафи соҳиби он махфӣ нигоҳ дошта шавад, ҳавобгар намебошад.

b) кортро ба шахсони сеюм нишон/супоридан мумкин нест, то он натавонад аз он нусха бардорад ё ин ки маълумотҳои кортро дар хотир нигоҳ дошта, аз маблағи корти шумо истифода барад.

кортро бо эҳтиёт бояд нигоҳ дошт, набояд онро дуқат кард ва онро бояд дар лифофаи алоҳида ё ин ки ҳамён нигоҳ дошта  шавад.

c) кортро бо эҳтиёт бояд нигоҳ дошт, набояд онро дуқат кард ва онро бояд дар лифофаи алоҳида ё ин ки ҳамён нигоҳ дошта  шавад.

d) Бояд эҳтиёт кард, ки ба майдончаи (хати) магнитии он ки дар тарафи чап ӌойгир аст омилҳои номусоид таъсир намояд: майдонҳои электромагнитӣ (хамсоягӣ бо дисплейҳо, ашёҳои мангитикардашуда ва ё магнитдошта, масалан, калидҳо, қулфҳои магнитие, ки дар кулворҳо мавӌуданд), осеббинии механикӣ (харрошҳо, ифлосшавӣ, тасфидан, масалан аз нури офтоб ва ғайра).

e) Дар рӯи корт набояд сабт ва қайдҳо кард ё ин ки харошид, онро дар ҳарорати баланд ва аз дигар омилҳои муҳити агрессивӣ бояд ҳимоя кард.

f) Ҳангоми кор бо банкоматҳо дар ёд доштан зарур аст, ки агар корти баргардонидашуда ва ё маблағҳои пулии додашуда дар мўҳлати 20 сония аз тарафи Дорандаи корт аз таӌҳизоти пардохткунанда, яъне банкомат гирифта нашавад, низоми муҳофизатӣ ба кор оғоз менамояд ва бо мақсади ҳифзи пули дорандаи , корт ва ё маблағҳои пулӣ ба дохили банкомат кашида дароварда мешаванд ва дар онӌо дар ќисмати махсус нигоҳ дошта мешаванд. Дар чунин холатҳо баргардонидани корт ба соҳиби он аз тарафи бонке, ки хизматрасонии банкомати мазкурро амалӣ мекунад, танҳо пас аз муайян намудани сабаби нигоҳ доштани корт ва машварат бо Бонк амалӣ карда мешавад; барқарорнамоии маблағи амалиётӣ (ва ё қисми гирифтанашудаи он) аз рўи далели авторизатсияе, ки аз суратҳисоби корти Дорандаи кортбардошт шудааст, метавонад танҳо пас азнавмаблағгузории (переинкассация) банкомат ва муайяннамоии маблағи нақдӣ аз тарафи Дорандаи кортгирифта нашуда, амалӣ карда шавад.

g) Сабабҳои боздоштани корт ва ё пули нақд дар банкомат аз тарафи Бонк дар мўхлати кўтоҳтарин муайян карда мешавад. Бонк фавран чораҳои заруриро пас аз муроӌиати хаттӣ ва ё шифоҳии соҳиби корт, мебинад.

2.6 . Дорандаи корт бояд ҳамаи ҳуӌӌатхое, ки бо корт амалӣ шудандаанд, то амалиётҳои оянда нигоҳ дорад. Ин ҳуӌӌатҳо метавонанд дар вақти танзими масъалаҳои гуногун бо мақомоти гумрук ё дигар мақомотҳои назоратӣ ва суд лозим шаванд, масъалан, чек ҳамчун далели қонунии гирифтан пул ва сарф кардани он мебошад.

2.7. Ҳангоми хариди мол ва пардохти хизматрасонҳо бо тариқи ғайринақдӣ  ва гирифтани пули нақд бо истифодаи корт, Дорандаи корт бонкро ӯҳдадор менамояд, ки маблағи мазкур аз суратҳисоби ӯ пардохт карда мешавад.

2.8 Пардохт аз суратҳисоб бо истифодаи корт танҳо бо он амалиётҳо гузаронда мешавад, ки бо истифодаи корт ё тариқи нақди гирифтани маблағ аз хазинаи бонк амалӣ мешавад. Инчунин, он маблағе ки барои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, ки Бонк муқаррар карда аст, аз суратҳисоби кортӣ гирифта мешавад.

2.9 Муштарӣ набояд гузошт, ки бо истифодаи корти бонкӣ дар суратҳисобаш овердрафт (қарздорӣ) пайдо шавад. Ҳангоми ба миён омадани овердрафти техники Бонк аз рӯи он фоиз  ҳисоб карда онро меситонад. Андозаи он дар тарофаҳо муайян карда мешаванд. Бонк ҳуқуқ дорад, ки амали кортро то пардохти овердрафт боз дорад. Овердрафт –қарзи кӯтоҳмуддат барои амали намудани пардохтҳои аз маблағи дар суратҳисоб будаи муштари зиёдтар, ки дар ҳудуди маблағ ва шартҳои шартнома оид ба хизматрасонӣ бо кортҳои бонкии пластикӣ муайян гаштаанд.

2.10. Дар вақти ба давлати хориӌа сафар кардан, Дорандаи корт бояд бо Бонк барои гирифтани маслиҳатҳои иловагӣ дар бобати истифодаи корт (пардохти харид, истифода дар меҳмонҳона ва дигарҳо) муроӌиат намояд.

3. ГУМ КАРДАНИ Ё ЭҲТИМОЛИЯТИ ИСТИФОДАИ БЕИҶОЗАТИ КОРТ

3.1. Дорандаи корт бояд чораи пешгири кардани дуздии корт ва ПИН-код ё ин ки истифодаи беиӌозати онҳоро дида барояд.

3.2. ПИН-код — рақами мушаххаси шахсии 4-рақама буда, ба соҳибаш дар як конверти махсус бо ҳамрохии корт супорида мешавад. ПИН-код ҳамчун аналоги имзои шахси дар амалиётҳои бонкӣ ба ҳисоб меравад. ПИН-ро бояд ҳама вақт дар хотир нигоҳ дошт ба дигар шахсон дастнорас нигоҳ дошта шавад. ПИН-ро бо ҳамроҳии корт нигоҳ доштан ё ин ки рақами кортро дар лифофофаи ПИН навиштан қатъиян манъ аст.

3.3. Дар ҳолати гум кардан, дуздии корт ва/ё ПИН-коди он, инчунин истифодаи беиӌозати суратҳисоби кортӣ; бо сабабҳои техникӣ ё дигар сабабҳо барнагардонидани корт ба соҳиби он тавассути банкомат, Дорандаи кортбояд фавран ба  Бонк бо телефонҳои 2289310, 2289311 бо талаби шифоҳӣ ё хаттӣ дар бораи муҳосира (блок) намудани корт муроӌиат намояд.

3.4. Талаботи шифоҳӣ оид ба махкам намудани корт мавриди гум шудан/дуздидани корт бояд бо калима-рамз (кодовое слово), аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи шифоҳӣ, бояд фаврӣ иӌро карда шавад. Ҳар гуна муроӌиати Дорандаи корт оиди муҳосира кардани суратҳисоби кортӣ бояд бо аризаи хаттӣ ба суроғаи Бонк шаҳодат диҳад. Ариза  бояд ҳолати гум шудани корт ва/ё ин ки ПИН код-ро ё ин ки маълумот дар бораи истифодаи ғайриқонунии онҳоро муфассал баён кунад ва кай ва ба куӌо Дорандаи корт ариза додааст. Ариза ҳамон вақт муносиби фиристодан дониста мешавад, агар он бо факс, хати супоришӣ бо огоҳинома дар бораи супоридани корт, ё ин ки ба корманди Бонк, ки ҳамчун хизматрасонӣ мизоӌ ӌавобгар аст, супорида шудааст.

3.5. Бо сабабҳои дар банди 3.3 овардашуда, Дорандаи корт ҳуқуқи маҳдуд кардан ва қатъ кардани имконияти истифодабарии корт бо  ҳар кадоме аз усулҳои дар поён зикршуда, дорад:

a) Корманди бонкро дар бобати маҳкам кардани корт бо роҳи мусодирааш барои пардохтҳои авторизатсия кардашуда, дастур додан. 20 дақиқа баъди аризаи Дорандаи корт бо телефон дар бораи муҳосира кардани корт, ӌавобгариро барои ҳамаи амалиётҳои беиӌозати авторизатсия кардашуда бо истифодаи корт, ба ӯҳдаи Бонк гузошта мешавад;

б) Корманди Бонкро дар бораи зарурати гузарондани корт ба стоп-лист дастур додан. Дар ин сурат, ӌавобгарии Бонк барои ҳамаи пардохтҳои беиӌозат (аз он ӌумла авторизатсия нашуда) 8 (ҳашт) рӯз баъди аризаи телефонии соҳби корт ба миён меояд.

3.6. Пас аз маҳкам намудани корт дар асоси аризаи Дорандаи кортаз тарафи Бонк корти нав ва ПИН-коди нав чоп ва интишор мегардад. Иваз намудани корт ва ё чопи корти нав бар ивази корти гумшуда, дар асоси аризаи хаттии Дорандаи корт амалӣ карда мешавад.

3.7. Корт дар холатҳое иваз карда мешавад, ки агар мўҳлати амалӣ он гузарад, корт осеб дида бошад, ПИН-код маълум шуда бошад, Дорандаи корт ПИН-кодро аз хотир бароварда бошад, инчунин аз рўи хоҳиши соҳиби корт.  Корти ивазшуда бояд ба Бонк супорида шавад.

3.8. Бонк ҳуқуқ дорад маълумоти гирифташударо дар бораи дуздидан ва/ё ин истифодаи беиӌозати  корт, ба ӯҳдадории органҳои ҳуқуқи барои дидани чораҳои зарурӣ, гузорад.

3.9. Дар ҳолати дарёфти корт, ки пештар ҳамчун гумшуда/дуздидашуда ё ин ки беиӌозат истифода шуда ҳисоб мешуд, Дорандаи корт бояд фавран ба Бонк хабар дода, онро муҳосира намояд ва кортро ба Бонк супорида, корти навро бо реквизитҳои нави кортӣ дастраст намояд.

4. ИҚТИБОС АЗ ҲИСОБИ ШАХСӢ

4.1. Муштарӣ — шахси инфиродӣ иқтибосро танҳо бо дархости шахсии худ аз шӯъбаи кортҳои бонкӣ   дастрас менамояд. Дар ҳолати пайдо шудани ягон иддао нисбати иқтибос, бояд ба рақамҳои телефонии 2289310 занг занад ва ё ба суроғаи электронии card@fmfb.com.tj ирсол намояд ва ё аз филиали Бонк, ки дар он ӌо кортро дастрас намудааст, маълумот гирад.

4.2. Дар ҳолати пайдо шудани иддао нисбати амалиётҳои бонкӣ, ки дар иктибос нишон дода шудааст, Дорандаи корт бояд дар муддати 10 рӯз аз рӯзи гирифтани иқтибос, онҳоро ба Бонк пешкаш намояд. Агар  Бонк ягон иддао нисбати иқтибос муддати 10 рӯз аз рӯзи гирифтани он надошта бошад, он гоҳ иқтибос тасдиқшуда дониста мешавад ва иддаои оянда аз тарафи бонк метавонанд рад карда шаванд.

4.3. То ба танзим даровардани иддао ба Бонк воридшуда, маблағи пештар дебетонидашуда дар суратҳисоб баркарор намешавад. Хамаи масъалахо оиди пардохт, баъд аз гирифтани хуччатхо хал карда мешаванд.

4.4. Ба Дорандаи корт истифода намудани корт бо мақсадҳои ғайриќонунӣ, аз ӌумла хариди мол ва хизматрасоние, ки бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоӌикистон манъ карда шудааст,  мумкин нест.

Телефони шӯъбаи кортҳои бонкӣ:
Тел: (+992) 372 28 93 10

E-mail: card@fmfb.com.tj
http://www.fmfb.tj