Бизнес-форуми VII-и байналмилалии маркетинг — “MAKON MARKETING FORUM 2024” дар калонтарин майдони намоишии Осиёи Марказӣ

23.05.2024

Барои Бонк такмили ихтисоси кормандон ва дар ин замина, бо равандҳои муосири соҳа ҳамқадам будан яке аз афзалиятҳо дониста мешавад.

Мутахассисони Бонк дар Бизнес-форуми VII-и байналмилалии маркетинг — “MAKON MARKETING FORUM 2024”, ки рӯзҳои 18-19-уми май дар “Humo Arena”-и шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд, то аз донишҳо ва таҷрибаҳои нави соҳа бархӯрдор бошанд.

Форуми мазкур зиёда аз 400 нафар шунавандагонро, аз ҷумла аз кишварҳои хориҷ ба “Humo Arena” оварда буд. Зеро дар он бозоршиносон ва мутахассисони номдори соҳаи савдои ҷаҳонӣ (маркетинг) суханронӣ карданд.

Дар Форум усулҳои нави маркетинг ва фурӯш, бозоршиносии дақиқ, роҳҳои расидан ба ҳадафҳои тиҷорат дар замони рақобатҳои шадид, имкониятҳои нави фурӯш, маркетинги арзишманди замони нав, идораи муваффақонаи савдо ва дигар мавзӯҳои муҳим аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин, бозоршиносони маъруф бар иловаи суханронӣ ба маркетологҳо мастер-классҳо гузаронида ва тоҷирони муваффақ бошанд, аз таҷрибаҳои кории худ гуфтанд.

Мурод Назаров (муассиси “Murad Buildings”, Nest One ва NRG) дар доираи Форум бо иштирокчиён суҳбати озод намуда, ба пурсишҳои онҳо посух дод ва роҳҳои асосии муваффақияти худро дар 20 соли тиҷораташ баён намуд.

Ҳамчунин, Виталий Галисин — мутахассис оид ба фурӯш, Владимир Маринович — коршиноси рушди системавии тиҷорат, Владимир Якуба яке аз маъруфтарин тренерҳои тиҷорат ва муаллифи зиёда 14 асар дар соҳаи фурӯш, Владислав Бермуда — коршиноси байналмилалӣ, Абдуҳамид Абдуваҳҳобов — мутахассиси ширкати ходдингии “Numa family”, Диёр Мирзаахмедов — муассиси “Ассотсиатсияи маркетинги Узбекистон ва ширкати таблиғотии “Siymo” ва дигарон суханронӣ намуданд.

Бизнес-форуми VII-и байналмилалии маркетинг — “MAKON MARKETING FORUM 2024” дар калонтарин майдони намоишии Осиёи Марказӣ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот