Чорабиниҳои Бонк дар доираи “Моҳи саводнокии молиявӣ” (Global Money Week)

03.05.2023

Дар Тоҷикистон низ чун дар дигар кишварҳои ҷаҳонӣ “Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ” (Global Money Week) бо баргузории як қатор чорабиҳои муҳимми маърифатӣ ва омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани дониши молиявии кӯдакон ва ҷавонон амалӣ карда мешавад.

Дар ин замина, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои муҳимми маърифатӣ ва омӯзиширо дар доираи “Моҳи саводнокии молиявӣ”, ки аз 1-ум то 30-уми апрел  гузаронида мешавад, дар чанд самт баргузор намуд.

Нахуст, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” бо ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми  кишвар барои хонандагони синфҳои IX-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва умумии се ноҳияи нисбатан дурдасти кишвар дар се вилоят: вилояти Хатлон — ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ҷамоати деҳоти Иттифоқ (рӯзи 27-уми апрел, бо ҷалби мутахассисон аз саридора); ВМКБ — ноҳияи Ишкошим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоати деҳоти Вранг (рӯзи 27-уми апрел бо ҷалби мутахассисон аз филиали Бонк дар шаҳри Хоруғ) ва вилояти Суғд — ноҳияи Мастчоҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хуҷанд (рӯзҳои 27-ум ва 28-уми апрел бо ҷалби мутахассисони филиали Бонк дар шаҳри Хуҷанд) тренинг ва семинарҳои ҷолиби омӯзишӣ баргузор намуд.

Дар семинарҳои мазкур зери унвони “Барои ояндаи худ қарорҳои оқилона мегирем” мутахассисони соҳибтаҷрибаи Бонк барои толибилмон оиди идораи оқилонаи пул, буҷаи хонаводагӣ, роҳҳои ташкили тиҷорати хурд, шароитҳои иқтисодии минтақа, хизматрасониҳои бонкӣ, нақши қарз дар пешбурди тиҷорат ва тарзи дурусти истифодаи он, аҳамияти пардохти ғайринақдӣ, амалҳои қаллобон ва ғайра омӯзишҳои ҷолиб баргузор намуданд.

Ба тренинг ва семинарҳои мазкур, иқтисоддонон ва мутахассисони касбии Бонк, аз ҷумла мудирони шуъбаҳои қарзӣ ва амонатӣ ҷалб карда шуданд. Семинар ва тренингҳои мазкур аз ду қисм: омӯзишӣ ва ҷамъбастӣ иборат буд, ки дар қисмати ҷамъбастии онҳо хонандагони фаъол  бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.  Бояд гуфт, ки омӯзишҳо ва дарсҳои ҷолиби семинар ва тренингҳоро хонандагони мактаб бо ҳавасмандӣ азхуд карда ва дар ҷараёни он фаъол буданд.

Ҳамчунин, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” рӯзи 28-уми апрел бо ҳамкории Сарраёсати маорифи шаҳри Душанде ба як гурӯҳ омӯзгор-занони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва умумии шаҳри Душанбе барои баланд бардоштани маърифати молиявии омӯзгорон ва интиқоли донишҳо дар мавриди идораи оқилонаи пул, буҷаи хонаводагӣ, иқтисоди миллӣ ва ғайра ба толибилмон семинари омӯзишӣ баргузор намуд.

Дар семинари мазкур, ки дар маркази фарҳангии “Гулзар”-и шаҳри Душанбе зери унвони “Дониш бояд интиқол гардад” баргузор гардид, мудирони шуъбаҳои қарзӣ ва амонатии Бонк дарсҳои ҷолиб баргузор намуданд.

Бояд гуфт, ки маводҳои омодашуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди “Моҳи саводнокии молиявӣ” ва туҳфа ва дигар маводҳои “Аввалин бонки молиявии хурд” дар ҷараёни семинар ва тренинг ба ҳар як иштирокчӣ пешниҳод карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур ҳамчунин, барои татбиқи самти чоруми Нақшаи амалисозии “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026” низ мусоидат менамояд.

Шуъбаи маркетинг

Чорабиниҳои Бонк дар доираи “Моҳи саводнокии молиявӣ” (Global Money Week) — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот