Дар меҳмонии филиали Бонк: Сафири фавқулода ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон
08.05.2024
Санаи 8-уми май Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар ба филиали Бонк дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт (кӯчаи Ш. Ҳусейнзода 10/1) ташриф оварда, аз хизматрасониҳои Бонк шинос гардиданд.
Сафири муҳтарамро Раиси Бонк — Мирзосафар Сафаров пешвоз гирифта, модернизатсияи филиал, хидматрасониҳои рақамӣ, сифати хизматрасониҳо ва афзалиятҳои дигари онро муаррифӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки филиали мазкур бо сифати баланд ва таҷҳизотҳои муосири бонкӣ баҳри мизоҷон — сокинони шаҳри Душанбе хизматрасонӣ мекунад.