Дар Намоишгоҳ — ярмаркаи байналмилалии универсалӣ — «Тоҷикистон — 2024»
Аввалин бонки молиявии хурд аз 3-ум то 5-уми май дар қатори 65 ширкату корхонаҳо аз Тоҷикистон, Белорус, Русия, Туркманистон, Эрон, Туркия, Фаластин ва Ӯзбекистон хизматрасониҳои худро дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи шаҳри Душанбе ба намоиш мегузорад.
Намоишгоҳ — ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон — 2024» субҳи имрӯз оғоз гардид, ки дар маросими кушодашавии он намояндагони ҳукумати кишвар, сафирони кишварҳои гуногун дар Тоҷикистон иштирок карданд.
Намоишгоҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати кишвар бо мақсади густариши фаъолияти иқтисодии ширкатҳо ва муаррифии маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ баргузор карда мешавад.