Суратҳисоби пасандоз

Ин маҳсулот ба тамоми шахсони воқеие, ки мехоҳанд барои амалӣ намудани амалиётҳои молиявии худ суратҳисоби пасандозӣ кушоянд пешниҳод мегардад. Маҳсулоти мазкурро соҳибкорони хусусӣ низ барои нигоҳ доштани манбаъҳои озоди худ дар Бонк истифода бурда метавонанд. Маҳсулот барои он таҳия шудааст, ки ба мизоҷон барои нигоҳдории пулҳо дар ҷои амн ва истифодаи пасандозҳояшон дар холатҳои зарурӣ имконот фароҳам оварад.

Барои маълумот оиди тарофаҳои бонк аз рӯи ин намуди маҳсулот хоҳиш мекунем ба ҷадвал нигаред.

Шартҳо:

  • Амонат ҳам бо пули миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ қабул карда мешавад;
  • Амонат ҳам дар шакли нақд ва ҳам дар шақли ғайринақдӣ қабул карда мешавад;
  • Амонат бо мӯҳлати номуаян қабул карда мешавад;
  • Маблағи фоизӣ аз рӯи амонат пардохт карда намешавад;

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома);
  • РМА

Афзалиятҳо:

  • Ҷои бехатар ва боэътимод бораи нигоҳ доштани пул, бонке, ки саҳомони эътирофшудаи байналмиллалӣ дорад;
  • Дастрасии осон ба маблағҳо дар ҳамаи филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкии АБМХ, дар тамоми қаламрави Тоҷикистон;
  • Интиқоли осони маблағ аз суратҳисоби мизоҷ ба дигар суратҳисобҳо, дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон;

     Бе ҳаққи хизмат барои амонат, гирифтани маблағ ва ё интиқоли маблағ аз  суратҳисоби мизоҷ ба дилхоҳ суратҳисоб дар АБМХ