Амонати Осон суратҳисоби пасандозӣ

Ин маҳсулот ба тамоми мизоҷони алоҳида, ки мехоҳанд аз пасандозҳояшон бе маҳдудияти дастрасӣ ба маблағҳояшон фоида ба даст оранд пешниҳод мегардад. Ин намуди амонат бе мӯҳлат буда мизоҷон метавонанд ба ҳар муддате, ки хоҳанд амонат гузоранд. Фоизҳо моҳона пардохт карда мешаванд ва мизоҷон метавонанд онҳоро бе маҳдудият гиранд.

Барои маълумот оиди тарофаҳои бонк аз рӯи ин намуди маҳсулот хоҳиш мекунем ба ҷадвал нигаред

Шартҳо:

  • Амонат ҳам бо пули миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ қабул карда мешавад;
  • Амонат ҳам дар шакли нақд ва ҳам дар шақли ғайринақдӣ қабул карда мешавад;
  • Андозаи камтарини пасандози аввалиндараҷа баробар аст ба бо пули миллӣ-100 сомонӣ, 20- бо доллари ИМА/Евро;
  • Ворид намудуни пасандози иловагӣ иҷозат дода мешавад; 

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома);
  • РМА;

Афзалиятҳо:  

  • Ҷои бехатар ва боэътимод бораи нигоҳ доштани пул, бонке, ки саҳомони эътирофшудаи байналмиллалӣ дорад;
  • Фоизи амонатӣ бе маҳдудият ва имконияти дастрасӣ ба пасандозҳо;
  • Дастрасии осон ба маблағҳо дар ҳамаи филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкии АБМХ, дар тамоми қаламрави Тоҷикистон;  
  • Бе ҳаққи хизмат барои амонат, гирифтани маблағ ва ё интиқоли маблағ аз  суратҳисоби мизоҷ ба дилхоҳ суратҳисоб дар АБМХ;