Экскурсия–семинарҳо: Омӯзишҳои таҷрибавии хонандагон дар филиалҳои Бонк
Дар доираи “Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ” (Global Money Week) Аввалин бонки молиявии хурд бо ҳамкории Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои хонандагони муассисаи мазкур семинарҳои таҷрибавӣ баргузор намуд.
Семинарҳо бо усусли экскурсия ташкил шуда, хонандагон ба филиаҳои Бонк дар шаҳрҳои кишвар — филиали Бонк дар шаҳи Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар омада, кори бонкиро аз наздик ба мушоҳида гирифтанд ва аз донишҳои асосӣ дар бораи аҳамият ва идораи оқилонаи пул ва ғайра аз ҷониби мутахассисони филиалҳо бархӯрдор гардиданд. Дар экскурсия-семинарҳо ҳамчунин, доир ба баровардани қарорҳои оқилонаи молиявӣ, ки буҷаи оилавиро беҳтар сохта ва дар оянда суботи молиявиро ба вуҷуд биоварад, маълумотҳо дода шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки “Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ” (Global Money Week) маъракаи молиявии ҷаҳонӣ буда, он моҳи апрел бо ҳадафи ташаккул додани фарҳанг ва шуури молиявии насли наврас ва ҷавон баргузор карда мешавад.
“Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ” дар Тоҷикистон бошад бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон давоми моҳи апрел бо баргузории чорабиниҳои маърифатии ҷолиб тӯли чанд сол аст, ки баргузор карда мешавад.