Эълони тендер оиди мушовири ҳуқуқӣ ва андозӣ

07.10.2022

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” (АБМХ) соли 2003 ташкил ёфтааст, ки мақсади асосии он, ба аҳолӣ пешниҳод намудани қарзҳои хурд мебошад. Бонк доираи васеи хизматрасониҳои молиявиро дар саросари кишвар таъмин менамояд. 

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” такроран барои интихоби мушовири ҳуқуқӣ ва андозӣ бо талаботҳои зеррин тендер эълон менамояд:

  1. Машваратҳои ҳукуқӣ ва андозӣ оиди баҳсҳои ба амаломада
  2. Баррасии масъалаҳо бо мақомотҳои дахлдор
  3. Пешниҳоди камбудиҳои ёфташуда ва ҳали бартараф намудани онҳо

 

Хоҳишмандон ва иштирокчиёни тендер метавонанд нархнома ва бастаи ҳуҷҷатҳои лозимиро дар лифофаҳои мӯҳрзада гузошта ба суроғаи ш. Душанбе, н. И. Сомони кӯчаи Пушкин 10 ирсол намоянд.

Ва инчунин аз тарики телефонҳо: 2289311 ва 93 5888109 метавонанд дар тамос шаванд.

Мӯҳлати охирини кабули пешниҳодҳо: 13-уми октябри соли 2022. 

Танҳо номзадҳои интихобшуда барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Эълони тендер оиди мушовири ҳуқуқӣ ва андозӣ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот