Эълони тендер оиди ширкати аудиторӣ

31.05.2023

 

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” барои интихоби ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Бонк барои солҳои молиявии 2023, 2024 ва 2025 озмун эълон менамояд.

Талаботҳо барои ширкатҳои аудиторӣ:

  1. Санҷиши дуруст тартиб дода шудаи ҳисоботҳои молиявии Бонк.
  2. Мутобиқати ҳисобдории Бонк ба Стандартҳои Байналмилалии Ҳисоботи Молиявӣ.
  3. Мавҷудияти иҷотзатномҳои БМТ ва Вазорати Молияро барои ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолият аудиторӣ ва муҳлати иҷозатномаҳо на камтар аз 3 сол бошад.
  4. Мавҷудияти номи ширкати аудирорӣ дар рӯйхати БМТ.
  5. Таҷрибаи кори ширкати аудитӣ ва рӯихати корҳои охир ва на камтар аз 3 соли охир дар Ҷумхурии Тоҷикистон.
  6. Таърихи ниҳояии анҷоми кори ба аудити ҳисоботи молиявии Бонк ва пешниҳоди хулосаи аудиторӣ охири моҳи феврали соли баъди аз соли молиявии аудитшуда.
  7. Аъзои гурӯҳи аудиторон, ки дар соҳаи бонкдорӣ таҷрибаи кории кофӣ доранд.

 

Ҳамаи хоҳишмандон бояд ба воситаи почтаи электронӣ, ки дар зер қайд гардидааст дархост пешниҳод намоянд (дархост ба шакли хаттӣ) ва доир ба қабули дархост ва ба қайдгирии он дар муддати 2 соат ҷавоб гардонида мешавад. Баъд аз мактуби ҷавоби иштироккунанда метавонад ба воситаи почтаи электронӣ саволҳо ва пурсишҳоро равон намояд.

Нархномаҳо ва ҳуҷҷатҳои заруриро дар лифофаҳои мӯҳрзада гузошта ба суроғаи ш. Душанбе, н. И. Сомони, кӯч. Пушкин 10, раовн намояд (варианти электронии пешниҳод бояд пурра бошад).

Ҳамчунон метавонед нархномаҳоро ба воситаи почтаи электронӣ бо гузоштани парлол (дар рузи кушодани нархномаҳо паролро ба воситаи СМС ба рақами телефони Менеҷер оиди хавҳои ТИ +992 938844373 фиристонда мешавад) равон намоед. Вобаста ба рузи баррасии нархҳо ба воситаи почтаи электрони огоҳ карда мешавад.

Мӯҳлати охирини қабули пешниҳодҳо: 30-уми июни соли 2023.

Тамос: 2-28-93-11; +992 93-588-81-09;  procurement@fmfb.com.tj

Эълони тендер оиди ширкати аудиторӣ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот