Эълони тендер оиди таъмири идора

22.05.2019

Эълони тендер оиди таъмири идора

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” (АБМХ) соли 2003 ташкил ёфтааст, ки мақсади асосии он, ба аҳолӣ пешниҳод намудани қарзҳои хурд мебошад. Бонк доираи васеи хизматрасониҳои молиявиро дар саросари кишвар таъмин менамояд.

АБМХ хоҳишмандон барои иштирок дар тендер оиди таъмири дарунии бино, корҳои электрикӣ ва телефону интернети идораи Сарбонк даъват менамояд.

Хоҳишмандон барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба АБМХ ба суроғаи дар зер қайдшуда ва рақамҳои телефонии зикргардиа муроҷиат намоянд.

Хоҳишмандон ва иштирокчиёни тендер нархномаҳо ва ҳуҷҷатҳои заруриро дар лифофаҳои мӯҳрзада гузошта ба суроғаи ш. Душанбе, н. И. Сомони хиёбони Рудаки 105, пешниҳод намоянд.

Бояд қайд намоем, ки нархномаҳоро барои ҳар як кор дар алоҳидаги пешниҳод намоед.

Барои маълумоти иловаги аз тарики телефонҳо: 2289311 ва 93 588 8109 дар тамос шаванд.

Мӯҳлати охирини қабули пешниҳодҳо: 10-уми июни соли 2019.

Эълони тендер оиди таъмири идора — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот