Эълони озмуни хариди молу маҳсулот

15.11.2019

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” (АБМХ) соли 2003 ташкил ёфтааст, ки мақсади асосии он пешниҳод намудани қарзҳои хурд ба аҳолӣ мебошад ва дар баробари ин доираи васеи хизматрасониҳои дигари бонкиро дар саросари кишвар пешкаш менамояд.

АБМХ хоҳишмандонро барои иштирок дар озмун оиди сохтани панҷараҳои оҳани ва корҳои таъмирӣ ва сафедкунии деворҳо барои идораи Сарбонк даъват менамояд.

Хоҳишмандон барои гирифтани маълумот дар бораи ҳаҷму андоза ва дигар маълумоти зарурӣ метавонанд ба АБМХ ба суроғаи дар зер қайдшуда ва шумораи телефонҳои зикргардида муроҷиат намоянд.

Хоҳишмандони иштирок дар озмуни мазкур бояд ки нархнома ва ҳуҷҷатҳои заруриро дар лифофаҳои мӯҳркардашуда то мӯҳлати нишондодашуда ба идораи АБМХ воқеъ дар суроғаи ш. Душанбе, хиёбони Рудаки 105 пешниҳод намоянд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед тариқи телефонҳои 228-93-11 ва (93) 588-81-09 дар тамос шавед.

Мӯҳлати охирини қабули пешниҳодҳо: 22-уми ноябри соли 2019.

Эълони озмуни хариди молу маҳсулот — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот