САБТ

    Маълумотро метавонед дар наздиктарин филиал ва маркази хизматрасонии бонкӣ (МХБ) ё тавассути занг задан ба яке аз филиалҳои мо дар минтақаи худатон ҳосил кунед. Ба шабакаи филиал барои рӯйхати филиалҳо ва МХБ ва маълумот барои тамос нигоҳ кунед.
    Мо маҳсулоти гуногуни қарзир ба мизоҷонамон барои анҷом додани фаъолият ва инчунин мақсадҳои шахсӣ ва хонавода пешниҳод мекунем:

  • 1. Қарзҳо ба соҳибкории хурду миёна;
  • 2. Қарзҳои хурд барои фаъолият;
  • 3. Қарзҳои кишоварзӣ;
  • 4. Қарзи экспресс;
  • 5. Қарзҳои истеъмолӣ;
  • 6. Қарзҳо барои беҳтар намудани шароити манзил;
  • 7. Ипотека;
  • 8. Қарзҳо барои таълим.
    Мо қарзҳои кӯтоҳ, миёна ва дарозмуддат дорем, ки аз маҳсулои қарзӣ ва мақсади гирифтани қарз вобаста мебошад. Қарзҳо барои сармояи гардон ва хариди воситаҳои асосӣ ё тавсеаи фаъоият барои 2 ва 4 сол мавҷуд аст. Қарзи истеъмолӣ ва қарзҳо барои беҳтар кардани шароити манзил барои то 3 сол бо доллари ИМА ва то 4 сол бо сомонӣ мавҷуд аст. Қарзи ипотека барои то 10 сол мавҷуд аст. Барои маълумоти зиёда лутфан бо филиали наздиктарини бонки мо дар тамос шавед.
    Он аз маҳсулоти қарз ва инчунин чӣ қадар фавран шумо ба мо тамоми маълумоти лозим ва ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунед вобаста мебошад. Дар умум аз лаҳзаи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳо ва маълумот ба ҳисоби миёна 5 рӯзи кориро барои қарзҳои хурду миёна ва 3 рӯзи корӣ барои дигар намуди қарзҳоро дар бар мегирад.
    Мизоҷон метавонанд барои тамоми маҳсулоти қарзӣ бо истиснои қарзи кишоварзӣ ва хатти қарз бо доллари ИМА қарз бигиранд. Аммо мизоҷ бояд шоистаги барои қарз ва тавоноӣ барои бозпардохти қарзро дар сурати беқурбшавии пул тасдиқ намояд. Барои шахсони ҳуқуқӣ маблағи қарз ба суратҳисоби асъори хориҷии онҳо интиқол дода мешавад ва истифодаи суратҳисоби асъори хориҷӣ ба таври қатъӣ мувофиқи тартибу дастурамалҳои назорати мубодилаи асъор ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
    Маблағи қарз бар асоси зарфияти бозпардохти қарз муайян карда мешавад, аммо дар умум қарзи Бонк наметавонад барои фаъолияти соҳибкори зиёда аз 1000 000 млн сомонӣ, 250 000 сомонӣ барои кишоварзӣ, 80 000 сомонӣ барои қарзи истеъмолӣ ва қарзи беҳтарсозии шароити манзил ва 130 000 сомонӣ барои ипотека бошанд.
    Мизоҷони АБМХ метавонанд бе гарав то 1,000 доллари ИМА ё 5,000 сомонӣ қарз гиранд.
    Гараве, ки Бонк талаб мекунад аз навъи қарз ва миқдори он вобаста мебошад. Барои қарзҳои калонтар дар умум амволи ғайриманқул талаб карда мешавад. Бинобар ин Бонк инчунин гаравҳои гуногунро ба мисли ҷавоҳироти тиллоӣ, ашёи хона, таҷҳизот, чорво, асоси хона, суратҳисоби амонатӣ дар Бонк ва ғайраро қабул мекунад.Барои маълумоти зиёда лутфан бо наздиктарин филиали Бонк ё кормандони қарза дар тамос шавед.
    Бонк барои мизоҷоне, ки маҳсулоти қарзии моро барои зиёда аз 2 сол истифода бурда ва таърихи қарзии хуб доранд тахфиф пешниҳод мекунад. Лутфан бо МХБ ва филиалҳои мо барои маълумоти зиёда вобаста ба ин дар тамос шавед.
    Фоиз танҳо аз тавозуни боқимондаи қарзи шумо ҷамъ мешавад ва пардохт моҳона мувофиқи ҷадвали бозпардохти қарз сурат мегирад.
    Мувофиқи пардохтҳои солона қарзи шумо бо қисматҳои баробар дар давоми мӯҳлати қарз пардохт карда мешавад. Маблағи пардохт қисми маблағи асосӣ ва фоизи ҷамъшуда аз тавозуни боқимондаро дар бар мегирад. Дар зер намунаи пардохти солона барои 10,000 қарз ба мӯҳлати 12 моҳ бо фоизи солонаи 25% оварда шудааст.
    Барои омода ва додани қарз ҳеч комисия вуҷуд надорад. Мизоҷон бояд танҳо барои фоизе, ки аз тавозуни қарз бо меъёри фоизи зикршуда дар шартномаи қарзашон пардохт намоянд.
    Шумо набояд ҳеч гоҳ пулро ба кормандони қарза ё кормандони дигари бонк диҳед. Мизоҷон бояд қарзи худро танҳо дар филиалҳои бонк мустақиман дар хазина супоранд. Мизоҷон инчунин қарзашонро метавонанд тавассути интиқоли пул аз дигар бонкҳо ё ба воситаи банкомат/терминалҳои худхизматрасонӣ, ки дар филиалҳо насб шудаанд пардохт намоянд. Гирифтани нусхаи расиди худро барои маблағҳои интиқолдодашуда фаромӯш накунед.
    Бале. Шахсе, ки қарзро бозпардохт мекунад бояд номи дурусти мизоҷ ва рақами суратҳисоберо, ки қарз бозпардохт мешавад бидонад.
    Дар сурати таъхири пардохти қарз, бонк мувофиқи сиёсати қарзии Бонк ва шартномаи қарзӣ ҷарима мегирад. Илова бар ин таъхири пардохти қарз ба таърихи қарзи мизоҷ ва шоистагии онҳо барои қарзҳо дар оянда (аз ҷумла маҳдуд кардани имконияти тахфифи меъёри фоиз дар қарзҳои оянда) таъсири манфӣ дорад.
    Бале, шумо метавонед ва ҳеч ҷаримае барои бозпардохти бармаҳал муқаррар нашудааст. Барои бозпардохти бармаҳал шумо бояд дархостро пур карда ва имзо намуда сипас ба Бонк пешниҳод кунед. Бармаҳал маҳкам кардани қарз ҳар вақт дар давоми соатҳои кории Бонк дар худи он рузе, ки маблағи пурраи бозпардохт ба суратҳисоби шумо ворид шуд ва дархости имзошуда ба дафтари бонк пешниҳод гардид иҷозат дода мешавад. Бозпардохти қисман ҳар вақт ба воситаи амонатгузори маблағҳо ба суратҳисоби амонатӣ иҷозат дода мешавад, аммо маблағҳо илова карда мешаванд то қарз дар наздикатрин рӯз мувофиқи ҷадвали бозпардохти қарз ва танҳо пас аз дарёфти дархости имзошудапешпардохт карда шавад.
    Бонк ҳақ дорад то қарзро бидуни шарҳи муфассали сабабҳо рад кунад.
    Бале, ин имкон дорад. Ин зиёда аз он ки сабабҳо барои радди қарз асосан ҳеч муносиб ва ё қобили иҷро намебошанд вобаст аст. Шумо дар ин замина метавонед аз кормнадони қарза маълумоти зиёда дарёфт кунед.
    Дар сурати вафоти мизоҷ мувофиқи қонуни Тоҷикистон бозпардохти батаъхирафтода ба ворисони ӯ интиқол дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар ӯҳдадорӣ ба дӯши кафолатдиҳанда мегузарад.
    Онҳо шуморо баҳогузорӣ намекунанд балки онҳо дар умуми иҷрои фаъолияти кормандони қарзаро баҳогузорӣ мекунанд. Мо ин баҳогузоронро аудиторони мустақили Бонк меномем.
    Бале, шумо метавонед инро дар асоси қурби бонк дар рӯзи бозпардохт анҷом диҳед.
    Не, қарз намедиҳад бо истиснои муҳоҷирони афғон, ки аз тарафи ҳукумат корти сурх дода шудаанд ва мехоҳанд барои фаъолият то 1000 доллари ИМА қарз дарёфт кунанд.
    Бонк хизматрасонии СМС банкингро (паёмак), ки паёмаки огоҳкунанда ба телефони ҳамроҳи мизоҷон мефиристад,ки маълумот оид ба бозпардохти қарзро 2 рӯз пеш аз рӯзи муқарраршуда дар бар мегирад. Илова бар ин мизоҷон инчунин тавассути паёмак маълумоти моҳона оид ба тавозуни боқимонда дар суратҳисоби онҳо дарёфт мекунанд. Ин хизматрасонӣ ройгон пешниҳод карда мешавад. Барои дарёфт кардани ин хизматрасонӣ лутфан бо филиали наздиктарини мо муроҷиат намоед.
    Бонк маҳсулоти гуногуни амонатӣ, хизматрасонии пули нақд ва ҳисоббаробаркунӣ, корти бонкӣ, интиқоли пул (хизматрасониҳои интиқоли пули дохилӣ ва байналмилалӣ), кафолати бонкӣ ва хизматрасониҳои мубодилаи асъорро пешниҳод мекунад. Барои маълумоти зиёда лутфан аз наздиктарини филиали мо боздид намуда ё бо мо тавассути телефон дар тамос шавед.
    Номи бонки мо бо забони англисӣ CJSC ‘The First Microfinance Bank’ ва бо забони русӣ ЗАО “Первый Микрофинансовый Банк” ва бо забони тоҷикӣ ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” мебошад. Барои рӯйхати саҳҳомони мо лутфан ба саҳифаи “Саҳҳомон” муроҷиат кунед.
    Шумо метавонед мустақиман бо шӯъбаи қарз дар сарбонк дар тамос шавед ё бо мо тавассути телефони 228 93 10/11, ё почтаи электронии credit@fmfb.com.tj дар тамос шавед
    Кафолатдиҳанда масъулияти пурраро ба дӯш дошта, ӯҳдадор аст аз номи қарзгиранда дар сурати иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ дар назди Бонк мувофиқи шартҳои Шартномаи қарз қарзро бозпардохт намояд.
    АБМХ ҳеч гуна кафолатдиҳанда барои маблағҳои то 1,000 доллари ИМА ё 5,000 сомонӣ талаб намекунад
    Бонк суратҳисоби амонатиро ҳамчун суратҳисоби ҷории мизоҷ барои тамоми амалиётҳои вобаста ба қарзи онҳо бо Бонк истифода мебарад. Бозпардохти қарз ба таври автоматикӣ аз ин суратҳисоб мувофиқ бо ҷадвали бозпардохти қарз ва шартномаи қарз бо мизоҷ сурат мегирад. Вобаста аз навъи суратҳисоби амонати кушодашуда аз тарафи мизоҷ онҳо метавонанд инчунин фоидаи иловашудаи фоизи ҳосилшуда аз пасандозҳои гузошташуда дар он суратҳисоб дошта бошанд.