Амонати манзилӣ

Ин маҳсулот барои мизоҷоне, ки барои харидан ва ё сохтани манзил амонатгузорӣ мекунанд пешиҳод гардидааст. Маҳсулоти мазкур барои кӯмак ба муштариён баҳри захира намудани маблағи ҳиссаи ҳадди ақал, ки ҳангоми гирифтани қарзи манзилӣ барои харид ва ё сохтани он талаб карда мешавад, таҳрезӣ шудааст.

Барои маълумот оиди тарофаҳои бонк аз рӯи ин намуди маҳсулот хоҳиш мекунем ба ҷадвал нигаред

Шартҳо:

  • Амонат ҳам бо пули миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ қабул карда мешавад;
  • Амонат ҳам дар шакли нақд ва ҳам дар шақли ғайринақдӣ қабул карда мешавад;
  • Андозаи камтарини пасандози аввалиндараҷа баробар аст ба бо пули миллӣ-1000 сомони, 100- бо доллари ИМА;
  • Андозаи зиёдтарини пасандоз баробар аст ба бо пули миллӣ- 270 000 сомонӣ, 30 000- бо доллари ИМА;
  • Ворид намудуни пасандози иловагӣ иҷозат дода мешавад; 

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома);
  • РМА;

Афзалиятҳо:

  • Ҷои бехатар ва боэътимод бораи нигоҳ доштани пул, бонке, ки саҳомони эътирофшудаи байналмиллалӣ дорад;
  • Фоизи баланд барои мӯҳлати зиёд нигоҳ доштани пасандозҳо дар бонк;
  • Дастрасӣ ба қарзи экспресс дар баробари тавозуни амонати мӯҳлатнок, ки барои зиёда аз 1 сол кушода шудааст (шарту шароит, имтиёзҳои иловагӣ дода мешавад)