“Муҳиммияти пардохти ғайринақдӣ”: Семинар дар шаҳри Кӯлоб
04.03.2024
Бо мақсади бардоштани савияи молиявии аҳолӣ “Аввалин бонки молиявии хурд” рӯзи 21-уми феврал дар Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб семинар баргузор намуд.
Оиди мавзӯҳои “Муҳиммияти пардохти ғайринақдӣ”, “Тарзи истифодаи дурусти кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ”, “Пешгирии амалҳои қаллобӣ дар низоми бонкӣ” ва “Саводнокии молиявӣ — кафили муваффақият” мутахассисони Бонк иттилоъ дода, дарсҳои ҷолиб гузарониданд.