Мулоқот бо Франсис Малиж

16.05.2024

16-уми май раиси Бонк Мирзосафар Сафаров дар пойтахти Арманистон — шаҳри Ереван дар ҳошияи ҷаласа ва Форуми солонаи тиҷоратии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо директори идоракунан даи БАТР оид ба ташкилотҳои молиявӣ ҷаноби Франсис Малиж мулоқот намуд, ки дар он масъалаҳои вазъи имрӯзаи ҳамкорӣ ва дурнамои рушди он баррасӣ гардиданд. 

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (European Bank for Reconstruction and Development, EBRD) созмони байналмилалии молиявӣ аст, ки барои рушди иқтисод ва густариши ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

 

Мулоқот бо Франсис Малиж — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот