МХБ-и Бонк дар шаҳри Турсунзода кушода шуд!

30.03.2023

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода Маркази хизматрасонии бонкии ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” (МХБ 47) ба фаъолият оғоз намуд.

Дар ифтитоҳи Марказ муовини раиси шаҳри Турсунзода Азимзода Азимҷон Бахтиёр, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳр Назирзода Муҳсиддин Аҳтам, директори департаменти қарзии Аввалин бонки молиявии хурд Холиқназаров Бежан ва дигар намояндагони Бонк иштирок намуданд.

Муовини раиси шаҳри Турсунзода Азимзода Азимҷон ба шарту шароити Марказ баҳои баланд дода, ба роҳбарияти Бонк сипосгузорӣ баён намуд.

Бояд гуфт, ки Маркази хизматрасонии бонкии шаҳри Турсунзода (МХБ 47) дар назди бозори шаҳр, дар кӯчаи Парпӣ Тоҷиев ҷойгир мебошад, ки баҳри мизоҷон макони мувофиқ ва қулай ба ҳисоб меравад.

Шуруъ аз имрӯз Маркази хизматрасонии бонкӣ ба шаҳрвандони шаҳри Турсунзода ҷиҳати додани қарзҳо, интиқоли маблағ, мубодилаи асъор ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ хизмат мекунад.

Роҳбарии Маркази хизматрасонии бонкии Аввалин бонки молиявии хурдро дар шаҳри Турусунзода Ҳакимов Ҳаким Дилшодович бар ӯҳда дорад.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои саноатӣ — истеҳсолии Тоҷикистон буда, зиёда аз 60 ҳазор нафар нуфуз дорад ва яке аз минтақаҳои муҳимми транзитӣ ва кишоварзии кишвар ба ҳисоб меравад.

МХБ-и Бонк дар шаҳри Турсунзода кушода шуд! — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот