Хизматрасониҳои интиқоли маблағ ва мубодилаи асъор 24/7

25.07.2018

Аввалин Бонки молиявии хурд имконоти истифода аз хизматрасониҳои интиқоли маблағ ва мубодилаи асъорро барои мизоҷон васеътар намуд. Акнун мизоҷон ба интиқол ва қабули маблағ дар реҷаи 24/7, яъне шабонарӯзӣ ва бидуни рӯзҳои истироҳат имкон пайдо карданд.

Хизматрасонии шабонарӯзӣ дар филиали бонк дар Душанбе бо суроғаи кӯчаи Шевченко, 113 (назди «Танк») боз шуд.

Мизоҷ маблағро тариқи низомҳои Золотая Корона, Контакт, ВестернЮнион, Близко, МаниГрам ва Юнистрим қабул ё фиристода метавонад.

Аввалин Бонки молиявии хурд бонки тиҷоратӣ буда, фаъолияташ ба пешниҳоди хизматгузориҳои хушсифат ва саривақтӣ ба мизоҷон нигаронида шудааст. Бонк дорои шабакаи васеи филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар саросари ҷумҳурӣ мебошад.

Аввалин Бонки молиявии хурд – Шарики Рушди Шумо!

Хизматрасониҳои интиқоли маблағ ва мубодилаи асъор 24/7 — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот