Бонкдории дарунхаттӣ
АБМХ ба мизоҷони худ хизматрасониҳои зерини интернет банкингро пешниҳод мекунад, ки ба мизоҷон имконият медиҳад то суратҳисоби худро дар давоми 24/7 онлайн идора кунанд.
Барои мизоҷони корпоративӣ — https://ibank.fmfb.tj
АБМХ хизматрасонии онлайни бехатар ва навтарини интернет банкингро барои мизоҷони корпоративии худ пешниҳод мекунад. Мизоҷони корпоративӣ метавонанд ба ин хизматрасонӣ аз тариқи ҳар филиали АБМХ пайваст шаванд.
Бо интернет банкинги АБМХ мизоҷ метавонад аз дурӣ амалиётҳои зеринро анҷом диҳад
- Омода сохтани баёнияи суртаҳисоб ва тафтиши тавозуни суратҳисоб
- Интиқоли пул дар дохили шабакаи АБМХ
- Интиқоли пул ба дигар бонкҳои Тоҷикистон бо сомонӣ
- Интиқоли пул ба бонкҳо дар хориҷи кишвар бо асъори хориҷӣ ба мисли доллари ИМА, Евро ва Рубли русӣ
Лутфан бо наздиктарин филиал ё МХБи мо барои пур кардани ин варақаи дархост ва имзо кардани шартнома барои пайваст шудан ба хизматрасонии интернет банкгинги АБМХ муроҷиат намоед. Хизматрасонии мазкур барои шумо дар давоми ду рӯзи корӣ пас аз дарёфт кардани варақаи дархост ва имзои шартнома фаъол карда мешавад. Аз шумо барои ин хизматрасонӣ мувофиқи тарофаҳои роиҷи АБМХ комисия гирифта мешавад.
SMS-паёмакхои огохкуни
АБМХ тамоми мизоҷонашро бо паёмакҳои огоҳкунӣ барои хизматрасонии бонкии зерин таъмин менамояд:
Паёмакҳои огоҳкунӣ (Автоматикӣ)
- оид ба бозпардохти қарз
- оид ба бозпардохти таъхиршуда
- оид ба тавозуни батаъхирафтода дар охири ҳар моҳ
- оид ба амалиётҳои дебитии амонат
- оид ба тавозуни боқимондаи амонат дар охири ҳар моҳ
- оид ба амалиётҳо бо кортҳо
Хизматрасонии паёмак пурсиш (дархости мизоҷ)
- Барои дарёфти маълумоти тавозуни амонатҳо, кортҳо ва қарзҳо,
- барои дарёфти баёнияи хурди суратҳисоби кортҳо
- барои масдуд кардани корт дар ҳолатҳои изтирорӣ
Барои пайваст шудан ба хизматрасонии паёмаки мо лутфан ба наздиктарини филиал ё МХБи АБМХ дар тамос шуда ва варақаи дархост барои хизматрасониии паёмакро пур кунед. Бонк шуморо бо хизматрасонии паёмаки мо дар давоми як рӯзи корӣ пас аз қабули дархости шумо пайваст хоҳад кард.